ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дарсҳои зеҳни сунъӣ гузаронида мешаванд

Август 15, 2025 09:19

ДУШАНБЕ, 15.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз моҳи сентябри соли 2025 дар якчанд муассисаи интихобшудаи таълимии шаҳри Душанбе машғулияти иловагӣ оид ба зеҳни сунъӣ гузаронида мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» хабар медиҳад.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади ба роҳ мондани омӯзиши зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе гурӯҳи корӣ ба якчанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ҷалб  гардид. Зимни он гурӯҳи корӣ бо директорони муассисаҳои таълимӣ вохӯриҳо баргузор намуд.

Зимни мулоқот аз ҷониби гурӯҳи корӣ доир ба омӯзиш ва рушди зеҳни сунъӣ, имконияти он дар низоми маориф ва аҳамияти баланд бардоштани саводнокии рақамии хонандагон маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Ин иқдом дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2022 ба тасвиб расидааст, амалӣ мегардад.

Аз Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» иттилоъ доданд, ки ҳадафи ба роҳ мондани омӯзиши зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе рушди қобилияти зеҳнии насли нав, баланд бардоштани сатҳи донишҳои техникӣ ва таъмини истифодаи самараноки технологияҳои муосир дар ҷараёни таълим мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 15, 2025 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд