ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Кӯшониён бинои иловагии мактаб барои 400 хонанда ба истифода дода шуд

Август 17, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 17.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 август Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-ро мавриди истифода қарор дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Иншоот ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории сокинони маҳаллаи Гулистон бунёд шудааст.

Бо назардошти сол аз сол зиёд гардидани шумораи хонандагон ва пайдо гардидани талабот ба ҷойи нишаст кумитаи падару модарон ва соҳибкорон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати ободгаронаи Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтанд, ки бинои нави таълимӣ созанд.

Муассисаи таълимӣ аз 1 бинои дуошёна ва 16 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 400 хонанда дар 1 баст сохта шудааст. Бино аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ–коммуникатсионӣ иборат мебошад. Ҳамзамон дар назди ин муассисаи таълимӣ сохтмони Маркази инкишофи кӯдак идома дорад.

Раиси вилояти Хатлон иқдоми соҳибкорон ва кумитаи падару модаронро шоистаи таҳсин хонда, ба масъулон доир ба беҳтар намудани сатҳу сифати дониши хонандагон ва иштироки фаъолонаи муҳассилин дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ дастур дод.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми ду соли оянда дар вилояти Хатлон бунёди 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо 53 ҳазору 303 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Август 17, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад