Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян барқияи табрикӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Никол Воваевич,
Шумо ва мардуми дӯсти Арманистонро ба муносибати имзои Эъломияи муштарак бо Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки роҳро барои расидан ба сулҳи пойдор миёни ду кишвар мекушояд, самимона табрик мегӯям.
Мо аз ин рӯйдоди таърихӣ истиқбол намуда, бар аҳаммияти муколамаи сулҳомез ҳамчун василаи ягонаи ҳалли буҳрону муноқишаҳо таъкид мекунем.
Бовар дорем, ки расидан ба ин созиш барои рушди равобити ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории шарикии ду давлат заминаи заруриро фароҳам оварда, ҳамзамон, ба таҳкими пояҳои суботу амният дар Қафқоз ва тавсеаи ҳамкории созандаи байниминтақавӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо, муҳтарам Никол Воваевич, сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳои рӯзафзун ба нафъи мардуми дӯсти Арманистон орзумандам».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






