Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Чжэ Мён суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Август 28, 2025 14:59

ДУШАНБЕ, 28.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 август суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Корея ҷаноби Ли Чжэ Мён баргузор гардид.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ҷаноби Ли Чжэ Мёнро ба муносибати интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Корея бори дигар табрик намуданд.

Ҷонибҳо ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи ду кишварро баррасӣ карданд. Масъалаҳои рушди минбаъдаи онҳо дар маркази диққати ҷонибҳо, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаҳои рақамикунонӣ, саноатикунонӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, маориф ва дигар самтҳои фарҳангиву гуманитарӣ қарор дошт.

Дар ин замина Пешвои миллат нақши созандаи Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалиро (KOICA) дар татбиқи лоиҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон таъкид карданд. Дар баробари ин, суҳбат атрофи пешбурди ҳамкориҳои судманд дар чорчӯби Муколамаи “Осиёи Марказӣ-Корея” сурат гирифт.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Август 28, 2025 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон