Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ ва ҳайати бонкҳои қатариро ба ҳузур пазируфтанд

Август 23, 2025 10:41

ДУШАНБЕ, 23.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ ва ҳайати бонкҳои қатариро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Қатар ва ниҳодҳои иқтисодию бонкии он баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи хоси Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо ин кишвар таъкид намуданд: “Мо Қатарро яке аз кишварҳои бонуфузи ҷаҳони араб ва шарики муҳимми худ медонем”.

Ҳарду ҷониб аз афзоиши ҳамкории судманд миёни ду кишвари дӯст изҳори қаноат намуданд.

Зимни мулоқот андешаҳо ва пешниҳодҳои ҷолиб доир ба роҳҳои густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории барои ҳарду ҷониб судманд дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мулоқот бо Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд ва ҳайати бонкҳои қатарӣ 23.08.2025

Август 23, 2025 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон