Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 27.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муколамаи мунтазам ва боэътимоду самимии Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар тақвияти муносибатҳои ду кишвар, ки дорои фарҳанг, арзишҳои маънавӣ ва анъанаҳои деринаи ҳамҷаворӣ мебошанд, муҳим дониста шуд.
Иброз гардид, ки робитаҳои байнипарламентӣ чун ҷузъи муҳими муносибатҳои ду давлати дӯст бо шарофати талошҳои муштараки ҷонибҳо пайваста рушд менамоянд.
Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ аз самтҳои муҳими муносибатҳои байни ду кишвар арзёбӣ гардид.


Ҳамчунин аҳамияти фаъолгардонии сармоягузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, пеш аз ҳама, тиҷорат, сохтмон, нақлиёт, телекоммуникатсия, саноат, энергетика, кишоварзӣ, рақамикунонӣ ва инноватсия таъкид карда шуд.
Дар доираи музокирот ҷонибҳо ба масоили рушди ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, бахусус тавсеаи равобит дар бахшҳои маорифу фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Бо назардошти вазъи феълӣ дар арсаи байналмилалӣ ва минтақа зарурати густариши ҳамкорӣ дар самтҳои мудофиа ва амният мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсил ва гузариш ба низоми 12-солаи таълим баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд






