Рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Белгия дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 14.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13 август мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо роҳбари корҳои ташрифотӣ ва маъмурии Ҳукумати Фландрияи Шоҳигарии Белгия Ҷилл Виллем Суетенс ва раиси ташкилоти сайёҳӣ ва академияи Via Via Боб Элсон баргузор гардид. Зимни он ҷонибҳо масъалаи рушди ҳамкории дуҷониба дар бахши сайёҳиро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо мавзуъҳои ташкили сафари блогерон, сайёҳони фаъол ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Белгия ба Тоҷикистон, ҳадафмандона ташвиқу тарғиб намудани имконоти сайёҳии мамлакат дар бозори аврупоӣ, ҳамчунин таҳия ва паҳнсозии видеороликҳои таблиғотӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Белгияро дар маркази диққат қарор доданд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ иброз намуд, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги сайёҳӣ буда, он аз манзараҳои нодири кӯҳӣ, иқлими мусоид, мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои меҳмоннавозӣ сарчашма мегирад.
Сафари блогерон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма метавонад ба таври назаррас ба рушди имиҷи байналмилалии Тоҷикистон ва ҷалби бештари сайёҳон аз кишварҳои аврупоӣ мусоидат намояд.
Ҷилл Виллем Суетенс ва Боб Элсон барои ҳамкории фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла ташкили чорабиниҳои таблиғотӣ, намоишгоҳҳо ва барномаҳои таблиғотӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ин ташаббусҳо на танҳо ба рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Белгия дар соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамоянд, балки ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии симои мусбати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ замина мегузоранд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ






