Рустами Эмомалӣ: «80 фоизи таълимгирандагони таълимоти ғайриқонунии диниро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд»

Август 20, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 20.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон зиёда аз 80 фоизи таълимгирандагони таълимоти ғайриқонунии диниро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд, ки ин хеле ташвишовар аст. Ин матлабро 19 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни баргузории ҷаласаи назоратӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баён намуданд.

Дар ҷаласа Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз зиёд шудани шумораи нафароне, ки ба гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул мебошанд, изҳори нигаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки барои пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии таблиғи фарҳанги бегона бояд тадбирҳои қатъӣ андешида шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ боз ҳам тақвият дода шаванд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат 9 марти соли 2024 иброз намуданд, «шахсоне, ки аз таҳсил дар муассисаҳои таълими динии ғайрирасмӣ ва шубҳаноки кишварҳои хориҷӣ бармегарданд, ба фазои динии Тоҷикистон афкори тундраву душманона ворид месозанд. Танҳо соли 2023 300 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва ҷалби беш аз 4100 нафар пешгирӣ карда шудааст, ки аз вусъати раванди мағзшӯйии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дарак медиҳад».

Ҳамчунин Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «таълими ғайриқонунии динӣ дар бисёр ҳолатҳо боиси дар шуури таълимгиранда ташаккул ёфтани фанатизми динӣ ва минбаъд даст задани ӯ ба амалҳои экстремистиву террористӣ мегардад».

Тибқи таҳлилҳо, аксари шахсони ба ҷиноятҳои экстремистию террористӣ дастзада дар даврони наврасӣ ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб гардидаю аз таҳсил дар мактаби миёна дур мондаанд.

АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Август 20, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд