Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод оғоз бахшиданд

Август 26, 2025 12:01

ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздид аз ноҳияи Нуробод ба фаъолияти муҳимтарин иншоот дар водии Рашт – роҳи Оби гарм — Нуробод оғоз бахшиданд.

Лоиҳа дар идомаи таваҷҷуҳи роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба беҳсозии шароити рӯзгори мардум иҷро шуда, Тоҷикистонро ба татбиқи ҳадафи стратегии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ наздик мекунад.

Ин масир пойтахтро бо марказҳои маъмурии ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш пайваст намуда, равобит дар ҳама самтҳо, аз ҷумла гардиши савдо байни Тоҷикистону Қирғизистон ва транзити минтақавиро густариш мебахшад.

Ҳаракат дар масири қаблӣ ба самти ноҳияҳои водии Рашт ронандагону мусофиронро дар бештари ҳолат рў ба рўи ҳаводиси нохуш менамуд. Фаслҳои баҳору зимистон дар ин ҷодаҳои кӯҳӣ ва фосилаи наздик ба нишебиҳои тулонӣ резиши сангу кӯҳпора, яхбандӣ, лағжиши замин ва дигар ҳолатҳои пурхатар шиддат меёфт.

Вазъи мураккаби роҳ ба рушди соҳаи иқтисоду иҷтимоиёт низ дар ин ноҳияҳо монеаҳои ҷиддӣ мегузошт.

Ташаббус ва иқдоми наҷиби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – бунёди роҳи ҷавобгў ба талаботи байналмилалӣ ба ҳалли ин мушкил мусоидат намуд.

Дарозии роҳ 75 км буда, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ ба дараҷаи сеюми техникии роҳҳо дохил мешавад ва паҳноии стандартии он 12 метр аст.

Бо ҳадафи бартараф намудани монеаҳои табиӣ дар доираи лоиҳа се нақби мошингузар сохта шудааст.

Нақби «35 – солагии Истиқлолият» дар Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ бо дарозии 2605 метр, нақби «Ваҳдат» дар маҳаллаи Луғур бо дарозии 1700 метр ва нақби «Ориёно» дар мавзеи дараи Ҳавз бо дарозии 1600 метр масофаи роҳро 24 км. кутоҳ намуда, масрафи сӯзишворӣ ва талафоти вақтро коҳиш медиҳад. Ин се иншооти муҳташами роҳу нақлиёт бо хатти алоқа ва шабакаҳои рушноидиҳӣ ва поксозии ҳаво пайваст буда, аз лиҳози сифат ва иншооту инфрасохтори зарурӣ ҷавобгўи меъёру талаботи роҳсозии байналмилалӣ мебошанд.

Барои пешгирӣ аз хатари ҳодисаҳои табиӣ ба ҳаёту саломатии ронандагону мусофирон дар мавзеъҳои селомади маҳаллаҳои Қандак, Луғур, Себнок, деҳоти Ҳакимӣ ва Муҷихарф, деҳаҳои Себак, Тухтор ва дигар минтақаҳои ҳудуди шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод 14 пули мошингузар сохта шудааст.

Дарозии пулҳо наздик ба 1150 метр буда, интиқоли молу маҳсулот ва рафтуои мардумро бидуни танаффус таъмин мекунанд.

Сохтмони такядеворҳои оҳану бетонӣ, насби қубурҳои обпарто ва мустаҳкамкунии нишебиҳои ноустувор истифодаи тӯлонии роҳро таъмин намуда, нуқтаҳои истироҳат бо ниҳолу дарахтони ороишӣ ба ин ҷодаи хуштарҳу нав зиннат мебахшад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи бинокорон, ки дар бунёди роҳи Оби гарм – Нуробод саҳм гузоштаанд, сипосу миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки иншоот дар рушди тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ, сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди минтақаҳо ва дар маҷмуъ ба беҳбудии сифати зиндагии мардум нақши муасир мегузорад.

Ба истифода додани роҳи байналмилалии Роғун-Обигарм-Нуробод ва се нақби он 26.08.2025

Август 26, 2025 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ