«ШОҲНОМА» ВАТАН АСТ. Дар тақвияти иқдоми бесобиқаи Президенти Тоҷикистон барои нашр ва эҳдои ин асари безавол

ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ба сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» тақдим карда мешавад. Вобаста ба ин иқдоми шоистаи таҳсини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мисбоҳиддини Нарзиқул чунин ибрози назар намудааст:
— Иқдом ва ибтикороти фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва дохилӣ, ки бо фарогирии доираи васеи манфиатҳои ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида ва бо мақсади ташаккули худогоҳию худшиносии фардию ҷамъиятӣ, ҳувияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, парвариши руҳияи ифтихор аз таърихи ғанию бостонии фарҳанг ва тамаддуни тоҷикӣ амалӣ мешаванд, дар раванди таърихии ташаккули мафкураи миллӣ ва таърихи навини даврони Истиқлоли миллати тоҷик бесобиқа мебошанд. Асосҳо ва муҳтавои чунин иқдому ибтикорро аз назарҳои гуногун мавриди мутолиа ва омӯзиш қарор додан мумкин аст, аммо манзури мо дар ин гузориш, пеш аз ҳама, ҷанбаи маорифпарваронаи онҳо мебошад. Чунонки Пешвои миллат таъкид намудаанд, «дар давраи соҳибистиқлолӣ маорифпарварӣ яке аз самтҳои меҳварии давлатдории мо буда, рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияи нав, тақвияти неруҳои зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар мақоми авлавият қарор дорад».
Тозатарин иқдоми Пешвои миллат, ки дар заминаи ибтикороти бесобиқаашон амалӣ мешавад, чоп ва ба расми туҳфа дастраси ҳар хонаводаи тоҷик қарор додани «матни нисбатан мукаммал»-и «бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи оростаи ҳикмату хирад»-и ниёгони хирадпешаи мо – «Шоҳномаи»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Нашри ин асар «бо мақсади шиносоии бештари мардуми тамаддунсози тоҷик бо гузаштаи пурифтихори худ» дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, ки беҳин хотира ва некутарин ёдгорӣ аз Сарвари давлат аст.
Зарурати таърихӣ ва аҳамияти миллӣ
Зарурати таърихӣ ва аҳамияти миллии иқдоми нашри ҳамагонии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба назари мо, аз тақозои замони истиқлол, давлати миллӣ, сиёсати фарҳангпарварона, арҷгузорӣ ба анъанаи маорифпарварӣ ва таваҷҷуҳи Роҳбари давлат нисбат ба суннати аҷдодӣ ва ҳофизаи таърихии миллат мушаххас карда мешавад. «Шоҳнома», чунонки Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор дар шеъре ба унвони «Шоҳнома» мефармояд, барои миллати мо аз чандин ҷиҳат арзиши зиёд дорад: сухан аст, руҳ аст, Ватан аст, хирад аст, адаб аст ва билохира, нафас аст, нафасе, ки бе он зиндагонӣ вуҷуд надорад:
«Шоҳнома» сухан аст,
сухани бемаргӣ.
«Шоҳнома» руҳ аст,
ба тани бемаргӣ.
«Шоҳнома» Ватан аст,
Ватани бемаргӣ.
Оре, оре «Шоҳнома» Ватан аст!
Ватане, к-аз ману ту
Натавонанд ба шамшеру ба тазвир рабудан.
«Шоҳнома» хирад аст,
Хираде, ки ба ҷаҳон омӯзад
Ҳунари аз аҷали ҷаҳл намурдан.
«Шоҳнома» адаб аст,
Адабе, к-аз самари сабздарахташ
Ҷовидон баҳра бигирем.
«Шоҳнома» нафас аст,
Нафасе, к-аз ману ту гар бирабоянд,
Бимирем,
бимирем,
бимирем!
Таърихи эҷоди ин шеър соли 1997 аст, соле, ки барои миллати тоҷик тақдирсоз омад, соли барқароршавии сулҳу истиқрору ризоияти миллӣ дар саросари ҷумҳурӣ. Соли хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози навсозиҳою пешрафтҳо, ки самараи он имрӯзҳо, бо гузашти қариб сӣ сол бармалост.
Ҳидоятҳои сарнавиштсози Пешвои миллат
Суханони муқаддимотии Пешвои миллат дар пешгуфтори нашри ҳамагонии «Шоҳнома», ки бо унвони «Фурӯғи «Шоҳнома» дар ҳар хонадони тоҷик» чоп шудааст, ҳидоятҳои сарнавиштсозест, ки таваҷҷуҳ ба онҳо барои маърифати саҳеҳи ин шоҳасари безавол муҳиму ҳатмӣ мебошад. Ҳидоятҳои дар ин пешгуфтор гуфташударо аз назари муҳтаво чунин дастабандӣ ва ёдоварӣ кардан мумкин аст:
- Дар таърихи адабиёти ҷаҳонӣ ҳамчун шоҳкори беназири ҷаҳонӣ эътироф шудани «Шоҳнома»-и безаволи ҳакими суханвар Абулқосим Мансур ибни Ҳасан маъруф ба Фирдавсии Тӯсӣ. Ба ин нукта кулли донишмандони бузург, шоҳномапажӯҳон ва адибони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ ҳамраъянд.
- Муҳтавои фарогири «Шоҳнома». Дар ҳақиқат, «Шоҳнома» фарогири «таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои халқ» аст, ки Фирдавсӣ «бо хуни дил қаламӣ карда» ва ба ин восита «таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одоти ориёиҳоро зинда ва пойдор гардонид ва ба хизмати наслҳои оянда гузошт».
Фирдавсӣ дар эҷоди «Шоҳнома» аз сарчашмаҳои зиёд, аз қабили «Авасто», «Ёдгори Зарирон», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Шоҳнома»-и Абумансурӣ, худойномаву таърихномаҳои куҳан, ойинномаҳои давлатдорию андарзномаҳо, ҷузъиёти номаи бостон, ки аз пирони хирад шунидааст ва ғайра истифода намуда, дар асоси омезиши унсурҳои устураӣ, афсонавӣ, ривоят, таърих ва биниши адабӣ сохтори низомманди ҳамосаи миллӣ ба вуҷуд оварда, ба номаи парокандаи бостон ҷомеият ва муҳри абадият гузоштааст.
- Бунёди ҳамосии корномаи шоҳону паҳлавонон. Дар «Шоҳнома» корномаи ҳудуди 48 подшоҳ ва симои паҳлавонони зиёде офарида шудааст, ки бозгӯи ниёзи ҷомеа дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ мебошад.
- Ғояи асосӣ ва идеяҳои марказии «Шоҳнома».
Чунонки дар муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абумансурӣ омадааст, «худовандони дониш» дар ин нома паёмҳои мондагоре, амсоли «фарҳанги шоҳону меҳтарону фарзонагон ва кору сози подшоҳӣ ва ниҳоду рафторашон ва ойинҳои некӯ ва доду доварӣ ва раъю рондани кор ва сипоҳ оростану разм кардан ва шаҳр кушодан ва кин хостан ва шабехун кардан ва озарм доштан ва хосторӣ кардан»-ро дарёфт карда метавонанд.
- Мавзуъҳои асосӣ ва фаръии «Шоҳнома».
Барои дарёфти маънии аслӣ ва паёмҳои ҷовидонии Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ишораи роҳнамо қавли саҳеҳи худи шоир аст, ки дар фасли «Гуфтор андар фароҳам овардани «Шоҳнома»» гуфтааст:
Ту инро дурӯғу фасона мадон,
Ба як сон равиш дар замона мадон.
Аз ӯ ҳар чӣ андар хурад бо хирад,
В-агар бар раҳи рамз маънӣ барад.
Ба ин маънӣ дар дигар номаҳои Бостон ҳам ишора шудааст. Аз ҷумла, дар муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абумансурӣ чунин мехонем:
«…Пас ин номаи шоҳон гирд оварданду гузориш карданд. Ва андар ин чизҳост, ки ба гуфтор мар хонандаро бузург ояд ва ҳар касе доранд, то аз ӯ фоида гиранд. Ва чизҳо андар ин нома биёбанд, ки саҳмгин намояд ва ин некӯст, чун мағзи ӯ бидонӣ ва туро дуруст гардаду дилпазир ояд. Чун қиссаи Фаридуну валодати ӯву бародараш ва чун ҳамон санг куҷо Офаридун ба пой боздошт ва чун морон, ки аз дӯши Заҳҳок баромаданд, ин ҳама дуруст ояд ба наздики доноёну бихрадон ба маънӣ ва он, ки душмани дониш бувад, инро зишт гардонад ва андар ҷаҳон шигифтӣ фаровон аст…» («Ҳазор соли насри форсӣ», Китоби аввал, с. 45-47).
Ин қавлҳо ба он далолат мекунанд, ки ҳангоми мутолиаи «Шоҳнома» ва дарёфти маънии аслии гуфторҳои Фирдавсӣ хонанда бояд аз сурат ба маънӣ рафта, аз роҳи рамзу маънӣ баҳра гирад. Маънии ҳақиқии «Шоҳнома» аз тариқи тасвири корномаи шоҳону паҳлавонон дар қолаби достонӣ бо шеваи адабию ҳунарӣ ва мантиқӣ ифода шудааст. Рамзкушоӣ ва ҷустуҷӯ дар сатҳи адабию ҳунарӣ кори адабпажуҳон аст, аммо дар умум мутолиа ва маърифати умумии асар кори ҳамагонист.
- Тасвири расму ойинҳои миллӣ дар «Шоҳнома».
- Панду андарз, ҳикмат ва фалсафаи ҳастӣ дар «Шоҳнома». Саросари «Шоҳнома» пур аз ҳикмату андарз ва омӯзаҳои фалсафиест, ки аз роҳи таҷриба ба даст омадаанд. Ба мисли чунин андешаи мондагор:
Фаридуни фаррух фаришта набуд,
Зи мушку зи анбар сиришта набуд.
Ба доду диҳиш ёфт он некуӣ,
Ту доду диҳиш кун, Фаридун туӣ!
- Ватан ва ватандӯстӣ.
- Забони «Шоҳнома» ва абадияти он.
Камтар миллатеро суроғ дорем, ки давоми таърих ҳамоса офаридааст. Дар байни ақвоме, ки дорои ҳамосаи миллианд, ориёинажодон, аз ҷумла мо – тоҷикон ягона миллате ҳастем, ки ҳамосаи миллиамонро дар забони асл мехонем. «Шоҳнома» бо забоне офарида шудааст, ки мо имрӯз бо он забон суҳбат мекунем. Қадри ин неъмати бузургро бояд донист!
- Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии ориёиҳо дар «Шоҳнома». Баҳс атрофи ин масъала фаротар аз ҷуғрофиёи сиёсӣ буда, таваҷҷуҳ ба он аз манзари фарҳанги ҷуғрофиёи таърихии «Шоҳнома» муҳим ба назар мерасад. Марзҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ аз назари ҷомеашиносии адабӣ байни ҳам тафовут доранд. Манбаъҳои ҷуғрофиёию таърихии марбут ба «Шоҳнома» ҳанӯз пурра таҳқиқ ва шиносоӣ нашудаанд. Ба таҳқиқи мавзуъҳои а) манбаъшиносии таърихии «Шоҳнома» ва б) ҷуғрофиёи таърихии «Шоҳнома» ду муҳаққиқи хушном бояд иқдом намоянд.
Дар ин шоҳасар беш аз шашсад номи географӣ шинохта шудааст, ки аз давраи Каюмарс, оғози подшоҳии Пешдодиён то Яздгирди савум, охирин шоҳаншоҳи Сосонӣ ва аз он замон то рӯзгори мо дар батни марзҳои сиёсии қаламравҳои гуногун қарор гирифта, дар дарозои таърих ба тағйироти зиёд дучор шудаанд. Аммо масъалаи муҳиму сазовори андеша он аст, ки арсаи ҷуғрофиёи таърихии мазкур бо вуҷуди тағйирот қаламрави фарҳанги ориёӣ будааст.
- Тарҷумаи «Шоҳнома» ба забонҳои дигар ва шуҳрати ҷаҳонии он. Шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудани «Шоҳнома» ба тарҷумаҳои он ба забонҳои дигар бастагии зиёд дорад. Ба воситаи тарҷумаи ин асари бузург хориҷиён ба муҳтавои достонҳои таркиби он шинос шуданд. Ин шоҳасари бузург ба забонҳои зиёди хориҷӣ, амсоли арабӣ, туркӣ, ибрӣ, ҳиндӣ, чинӣ, фарсонсавӣ, олмонӣ, итолиёӣ, испанӣ, русӣ, курдӣ, арманӣ, гуҷаротӣ, албаниёӣ ва ғайра тарҷума шудааст. Саҳми пажӯҳандагони хориҷии «Шоҳнома» ҳам дар маърифати саҳеҳи он қобили ситоиш аст.
Аввалин забони хориҷие, ки «Шоҳнома» ба он забон тарҷума шуд, арабӣ мебошад. Тарҷумаи нахустини арабӣ (тарҷумаи Асирулмулки Нишобурӣ) аз байн рафтаву боқӣ намондааст. Аммо тарҷумаи дуюми арабӣ, ки дар асри XIII аз ҷониби Бундории Исфаҳонӣ ба таври хулосашуда анҷом дода шудааст, то ба замони мо расида ва дар тасҳеҳоти асар аз он истифода мешавад. Тарҷумаҳои дигаре ҳам ба забони арабӣ анҷом шуда, ки охирини он соли 2020 аз ҷониби Алии Зулайха мебошад. Аз назари қидмати замонӣ пас аз арабӣ «Шоҳнома» дар соли 1550 ба таври мансур ба забони туркии усмонӣ тарҷума шудааст. Тарҷумаи манзум ҳам ба ин забон мавҷуд аст.
Таърихи вуруди «Шоҳнома» ба Аврупо тавассути тарҷума асри XVIII аст. Нависанда ва ховаршиноси фаронсавӣ Луис Ланглис (Louis langlies) аввалин муҳаққиқи аврупоист, ки ба таҳқиқи Фирдавсӣ машғул шуда, хулосае аз «Шоҳнома»-ро соли 1788 тарҷума намуд. Ба тарҷумаи мустақими «Шоҳнома» аз матни аслӣ ба фаронсавӣ соли 1826 шарқшиноси машҳур Жул Мул (Jules Mohl) машғул гардида, чиҳил соли умри худро дар ин роҳ сарф намуд. Ӯ соли 1838 ҷилди аввали тарҷумаи «Шоҳнома»-ро чоп намуд. Солҳои баъдӣ ҷилдҳои дигарро ҳам чоп намуд, аммо ба ҷилди охир умр кифоят накард. Ин корро шогирдаш – Барбия де Мийнард (C. Barbier de Meynard) ба охир расонида, ҷилди охири тарҷумаро соли 1878 чоп намуд. Ин муҳаққиқ яке аз мутарҷимони «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ ҳам ҳаст.
- Ҷойгоҳи «Шоҳнома» дар муҳити хонаводагӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ. Ҳамчунон ки дар «Шоҳнома» ба аҳаммияти хонаводаҳо ба сифати бавуҷудоваранда ва тарбиятгари шахсияти огоҳ, хирадманд, далер, ватандӯст ва интиқолдиҳандаи суннати аҷдодӣ таъкид карда мешавад, барои ҷанбаи амалӣ касб кардани иқдоми мондагори Пешвои миллат дар нашру тақсими ин шоҳасар ба ҳар оила хонаводаҳо масъулияти эҳтиром ба иқдоми шоиста, мутолиа ва дарки саҳеҳи муҳтавои «Шоҳнома»-ро ба уҳда доранд. Ҷанбаи дуюми ин қазия масъалаи бисёр муҳимест, ки ба қарзи шаҳрвандии ҳар тоҷик дар баробари худогоҳии миллӣ ва ҳувияти шахс иртибот дорад. Бинобар ин, мо мутолиаи комили «Шоҳнома» ва диққат ба муҳтавою нукоти омӯзандаи онро барои ҳар тоҷик қарз ва фарзи шаҳрвандӣ меҳисобем.
Хонаводаҳо имкон доранд мутолиаи сарҷамъонаи «Шоҳнома»-ро аз роҳи таҷриба ҳар бегоҳ дар сари хони шомгоҳӣ ва ё пас аз он барои муддати муайяне ба роҳ монанд.
АКС: АМИТ «Ховар»