Сиёсати Тоҷикистон дар самти идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар Шветсия муаррифӣ карда шуд

Август 29, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 29.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати Тоҷикистон дар самти идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо дар гӯшаи Тоҷикистон, ки дар доираи «Ҳафтаи ҷаҳонии об» аз аз 24 то 28 августи соли 2025 дар шаҳри Стокҳолми Шоҳигарии Шветсия баргузор гардид, муаррифӣ карда шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар «Ҳафтаи ҷаҳонии об» аз Тоҷикистон муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода иштирок намуд.

Гӯшаи Тоҷикистон дар доираи «Ҳафтаи ҷаҳонии об» бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҳадафи он муаррифии сиёсати Тоҷикистон дар соҳаи об дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҳадаф ва вазифаҳои Конфронси чоруми байналмилалии Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» буд.

Дар доираи «Ҳафтаи ҷаҳонии об» ҷаласаи навбатии Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе баргузор гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба Конфронси чоруми Душанбе, аз ҷумла ҳадафҳо, вазифаҳо ва харитаи роҳ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Инчунин бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати замин, инфрасохтор, нақлиёт ва сайёҳии Ҷопон, Панели коршиносону роҳбарони сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва офатҳо (HELP) ва Маркази рушди минтақавии Созмони Милали Муттаҳид (UNCRD)/UNDESA таҳти унвони «Об ва офатҳо: аз пирях то баҳр» ҷаласаи сатҳи баланд баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ Ҷамшед Шоимзода натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, муаррифӣ намуд. Таъкид шуд, ки хулосаҳо ва тавсияҳои ин конфронс заминаи муҳим барои таҳияи роҳҳалу сиёсати муштарак дар самти обшавии пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ, таҳкими ҳамкорӣ ва омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2026 мебошанд.

Иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои «Ҳафтаи ҷаҳонии об» бори дигар нақши калидии мамлакати моро дар пешбурди ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, рушди ҳамкории минтақавӣ ва идоракунии устувори захираҳои об таъкид намуд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 29, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд