ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст

Август 12, 2025 08:00

12 августи соли 2010 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, таъкид намуданд, ки «ҳар қитъа замини корам, хусусан заминҳои обӣ бояд пурсамар истифода шавад, то ки бозори истеъмолии мамлакат бештар бо маҳсулоти дохилӣ таъмин шуда, аз таъсири манфии омилҳои берунӣ эмин бошад».

***

12 августи соли 2011  дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд.

***

Соли 2011 муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ  баргузор гардида буд, соҳиби медали тилло ва унвони чемпионӣ шуд.

***

12 августи соли 2015 маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия баргузор гардид.

***

Соли 2015 шаҳри Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи  16 шаҳри давлатҳои ҷаҳон ба ҳайати Раёсати Форуми  рушд ва ҳамкории шаҳрҳои ҳавзаи иқтисодии «Роҳи Абрешим» пазируфта шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ, иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок баррасӣ гардид.

***

12 августи соли 2017 дар шаҳри Душанбе Анҷумани 3-юми ҷавононе, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил мекунанд, баргузор гардид.

***

12 августи соли 2021  дар шаҳри Душанбе нахустин вохӯрии вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки барои ҳамкорӣ дар бахши энергетика масъуланд ва Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай иштирок доштанд.

***

12 августи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бинои нави Маркази адлияро мавриди истифода қарор доданд.

***

12 августи соли 2022 дар машқгоҳи саҳроии Фахрободи гарнизони Хатлон бо иштироки ҳайати шахсии ҷузъу томи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат таҳти унвони «Пойгаи қаҳрамонон» мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ доир гардид.

***

12 августи соли 2023 дар Душанбе нахустнамоиши филми мустанади «Фасли навини футбол», ки ба муваффақияту дастовардҳои футболи Тоҷикистон дар даҳ соли охир таҳти роҳбарии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида шудааст, баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои директорони корпоратсияи саноати кӯҳкории «Зиҷин»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Ҷингхеро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ширкати чинӣ ва нақшаҳои ояндаи муштарак баррасӣ шуданд.

12 АВГУСТ:

Рӯзи байналмилалии ҷавонон.

***

Дар Тайиланд — зодрӯзи шоҳзода ва Рӯзи модар.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД

Нозирҷон Боҳирӣ -соли 1940— шоир, тарҷумон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1990).

Август 12, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — МЕЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ПЕШВОИ МО-ИФТИХОРИ МО. Дар вилояти Хатлон Рӯзи Президент бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ САДОҚАТУ ВАФОДОРӢ БА ВАТАНИ МАҲБУБ. Дар Суди конститутсионӣ ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Академияи миллии илмҳо конференсияи илмию назариявӣ баргузор шуд
Дар Бадахшон Рӯзи Президент бо тантана таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ таҷлил гардид
Меъмори тоҷиктабори муқими Олмон Саидумари Маъсум: «Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ҳамчун шоҳ Исмоили Сомонӣ хидмат намуданд»
Бо ибтикори Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Норак ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аъзои Бюрои сиёсии ҳизби «Единая Русия» мулоқот намуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиноти кадрӣ ба амал оварданд