Вазири адлияи Тоҷикистон: «Бекоршавии ақди никоҳ тамоюли камшавӣ дорад»
ДУШАНБЕ, 08.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ сабти ақди никоҳ 30 356 ҳолат (30 434 ҳолат дар ҳамин давраи соли 2024) ба қайд гирифта шуда, шумораи бекоршавӣ 4117 ҳолатро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 291 ҳолат камтар мебошад. Дар ин хусус 7 август зимни нишасти матбуотӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иттилоъ дод.
Тавре Вазири адлия иброз намуд, ҳарчанд бекоршавии ақди никоҳ дар мамлакат тамоюли камшавӣ дорад, вале ҳоло ҳам ин омор қонеъкунанда нест, зеро он аз рӯи шумора хеле зиёд мебошад. «Мо корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт пеш мебарем. Дар ин замина таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои аз ҳам пошидани оилаҳои ҷавон, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон барои ташкили оилаанд. Яъне ин муносибати рӯякии онҳо нисбат ба оиладорӣ мебошад. Омилҳо дар зиндагӣ гуногун ҳастанд, яъне баъд аз он ки издивоҷ мекунанд, пас сабабҳо пайдо мешаванд, ки шавҳар ин гуна будаасту ҳамсар ба зиндагӣ омода нест, нофаҳмиҳо дар байни ҷавонон рух медиҳанд. Фарзанддор нашудани ҳамсарон, дахолати волидайн ба зиндагию масъалаҳои оиладории ҷавонон, инчунин набудани шароити дурусти зиндагӣ барои оиладорӣ аз сабабҳои дигари ҷудошавии оилаҳо мебошанд», — гуфт Музаффар Ашуриён.
Тавре Вазири адлияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ҷавононе, ки оила ташкил карданӣ ҳастанд, бояд нисбат ба оиладорию фарзанддорӣ мафкураи солим дошта бошанд. Дар оила нақши асосиро ҳурмату эҳтироми тарафайн ва боварии ҳамсарон ба якдигар мебозад. Ин андешаро мо бояд дар шуури ҷавонон ҷой намоем.
«Дар ин самт на танҳо мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, балки дигар сохторҳои Вазорати адлия низ зимни вохӯриҳо, пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва ҳуқуқӣ пайваста бо аҳолӣ суҳбатҳо мегузаронанд. Ҳамзамон дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва донишҳои ҳуқуқии сокинони мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешанд»,-афзуд Вазири адлияи Тоҷикистон.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид






