Зернизоми идораи эътимод бо истифода аз модули иловагии «Data mining» мавриди истифода қарор гирифт

Август 9, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 08.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зернизоми идораи эътимод бо истифода аз модули иловагии «Data mining» /«Дата Майнинг»/, ки яке аз қисмҳои зеҳни сунъӣ ба ҳисоб меравад, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода 7 август дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Таъкид гардид, ки зернизоми идораи эътимод бо истифода аз модули иловагии «Data mining» молҳоеро, ки ҳамчун молҳои таваккал ҳаммонанд карда мешаванд, муайян намуда, барои татбиқи санҷиши иловагӣ нисбат ба ин намуди мол ба таври электронӣ хабар медиҳад.

Ҳамзамон бо дахли рақамикунонии соҳаи гумрук Хуршед Каримзода гуфт, ки амалӣ гардидани низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ» дар мақомоти гумруки Тоҷикистон, ки боиси гузариш аз шакли коғазӣ ба электронии пешниҳоди ҳуҷҷатҳои расмии 11 мақомоти ба низом дохилшуда гардидааст, ба сода ва шаффоф намудани расмиёти савдои хориҷӣ ва хизматрасонии давлатӣ мусоидат намуд.

Дар айни замон дар мақомоти гумрук низоми иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ мавриди истифодаи пилотӣ қарор дорад. Низоми мазкур ҳамгироии якчанд низоми алоҳидаро дар бар гирифта, қисматҳои зиёди он низ бо истифода аз унсури зеҳни сунъӣ ба амал бароварда мешаванд.

Хуршед Каримзода таъкид намуд, ки татбиқи амалии ин тадбирҳо раванди вобастагии барасмиятдарории гумрукӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукиро аз омилҳои инсонӣ коҳиш дода, фаъолият дар ин самт ба таври системавӣ ба тариқи технологияҳои муосир ба роҳ монда шудааст. Ин ҳолат барои барзиёд таъмин шудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 9, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст