16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҚАБАТИ ОЗОН. Барои ҳифзи қабати он аз вайроншавӣ Конвенсияи Вена қабул карда шуд

Сентябрь 16, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 16.09.2025/АМИТ «Ховар»/. 40 сол муқаддам, соли 1985 барои ҳифзи қабати озон аз вайроншавӣ Конвенсияи Вена дар бораи нигоҳдории қабати озон ва соли 1987 Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон қабул гардиданд. Кишварҳое, ки ба ин санадҳо ҳамроҳ гаштаанд, уҳдадор шудаанд, ки бо ҳамкории судманд дар ҳифзи қабати озон тадбирҳои муассир андешанд. Дар робита ба қабули Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид соли 1994 бо Эъломия 16 сентябрро Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон (International Day for the Preservation of the Ozone Layer) эълон кард, ки он аз соли 1995 инҷониб таҷлил мегардад.

Истифодаи гидрохлорфторкарбонҳо бояд қатъ гардад

Ислоҳи копенгагении соли 1992 ба Протоколи Монреал давлатҳои истифодабарандаи моддаи 2-и ин санадро уҳдадор намуд, ки истифодаи гидрохлорфторкарбонҳоро то соли 2020 99,5 фоиз коҳиш дода, то соли 2030 истифодаи ин моддаҳоро пурра қатъ намоянд. Масъалаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ҷомеаи ҷаҳониро водор менамояд, ки дар ҳалли мушкилоти ҳифзи қабати озон ва паст намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим тадбирҳои мушаххас андешида, моддаҳоеро коркард ва истифода намоянд, ки дорои қобилияти сардкунӣ буда, барои қабати озон безарар ва инчунин дорои неруи пасти гармои глобалӣ бошанд ва ба тағйирёбии иқлими сайёра таъсири манфӣ нарасонанд. Протоколи Монреал қариб 100 моддаи кимиёвиро дар якчанд категорияҳо назорат мекунад. Барои ҳар гурӯҳи кимиёвӣ ё замима ҷадвали марҳила ба марҳила қатъ кардани истеҳсол ва истеъмоли моддаҳои кимиёвиро муқаррар мекунад, то дар ниҳояти кор аз онҳо комилан даст кашида шавад.

Ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи Вена ва Протоколи Монреал

Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1995 ба Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон ва соли 1997 ба Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ҳамроҳ гардид. Соли 1998 бо Фармони Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи миллӣ барои ҳифзи қабати озон аз ҷониби гурӯҳи корӣ таҳия гардид. Инчунин дар Тоҷикистон соли 2002 Маркази миллии озон таъсис дода шуд, ки ҳадафаш иҷрои корҳо вобаста ба назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба кам кардани истифодаи моддаҳои вайронкунандаи озон, омӯзиши масоили марбут ба қабати озон, сабабҳои вайроншавӣ ва барқароршавии қабати озон аст.

Сабаби вайроншавии қабати озон — таъсири инсоният

Олимони ҷаҳон зимни таҳқиқот ба хулосае омаданд, ки яке аз сабабҳои асосии вайроншавии қабати озон дар сайёра таъсири инсон аст. Рушди бахши энергетикаю саноат ва нақлиёт ба тағйирёбии иқлим дар сайёраи замин- гарм шудани ҳаво, обшавии пиряхҳо, ба амал омадани ҳодисаҳои нохуши табиӣ, ки яке аз омилҳои он заиф гардидани қабати озон аст, боис гардида, имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Тағйирёбии иқлим ба зиёдшавии партовҳои газҳои гулухонаӣ- гази диоксиди карбон ба атмосфера иртибот дошта, ин газҳо дар натиҷаи сӯхтори ҷангалу бешазор, нафту ангишт дар корхонаҳои азими саноатӣ ва партови нақлиёт, истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти сардкунанда ва бухордиҳанда хориҷ мегарданд.

Озони стратосферӣ аз молекулаҳои оксиген ба вуҷуд меояд

Озони стратосферӣ зери таъсири афканишоти ултрабунафши Офтоб аз молекулаҳои оксиген ба вуҷуд меояд. Солҳои охир қабати озон аз таъсири фаъолияти инсон босуръат заиф гардида, сабабаш сар додани мушакҳои кайҳонӣ, ки қабати озонро сӯзонида, сӯрох мекунанд, инчунин хориҷшавии фреонҳо ё хлорфторкарбонҳо ба атмосфера аст. Фреонҳо моддаҳои кимиёвии вайронкунандаи озон буда, дар дохили яхдонҳо, таҷҳизоти сардкунанда ва бухордиҳанда (кондитсионерҳо) ва реагентҳои ба вуҷудоварандаи кафк истифода мегардад.

Хлор метавонад то сад ҳазор молекулаи озонро вайрон созад Ҳангоме фреонҳо ба қабати болоии атмосфера мерасанд, аз онҳо зери таъсири шуоъҳои ултрабунафш атоми хлор ҷудо мешавад, ки яке аз паси дигар молекулаҳои озонро ба косташавӣ меорад. Тибқи хулосаи олимон, хлор дар атмосфера то 100-500 сол боқӣ монда, метавонад то сад ҳазор молекулаи озонро вайрон созад. Бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2004 Тоҷикистон аз истифодаи фреони 11 ва 12, ки ба қабати озон осеб мерасонанд, даст кашид.

Таъсири манфии вайроншавии қабати озон ба саломатии инсон

Вайроншавии қабати озон ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонида, сабаби суст гардидани масунияти одам, ба вуҷуд омадани бемориҳои сироятӣ, саратон, диққи нафас, чашм ва нобиноӣ, тағйир ёфтани сохт ва пигментатсияи пӯст мегардад. Заиф шудани қабати озон на танҳо ба зироат ва ҷангалзор таъсири баланди манфӣ расонида, боиси тағйироти ҷиддии таркиби кимиёвии растаниҳо мегардад, балки радиатсия ба олами набототу ҳайвоноти обӣ ва ҳатто ба ҳолати масолеҳи сохтмон низ зарарӣ ҷиддӣ мерасонад.

Озон — сипар барои инсон ва дигар мавҷудоти зинда

Нақши қабати озон дар ҳаёт хеле муассир буда, барои мавҷудияти ҳаёт дар рӯи Замин нақши муҳим мебозад. Он ҳамчун сипар инсон ва дигар мавҷудоти зиндаро аз таъсири хатаровари нурҳои зарарноки ултрабунафши Офтоб муҳофизат менамояд. Камшавии миқдори озон дар қабати он ба пастшавии қобилияти муҳофизавии он оварда мерасонад ва дар натиҷа таъсири радиатсияи ултрабунафш ба муҳити зист ва саломатии инсон зарар мерасонад.

Тадбирҳои муассир дар самти ҳифзи қабати озон

Тоҷикистон чун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон дар ҳалли масоили глобалии марбут ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳифзи қабати озони сайёраи Замин, ки қабати ҳаёт ном бурда мешавад, қадамҳои муассир гузошта, барои иваз кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, амалӣ намудани технологияи аз лиҳози экологӣ безарар бо истифода аз имконоти мавҷуда тадбирҳои саривақтӣ меандешад. Таъсиси Маркази миллии озон дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ яке аз иқдоми Ҳукумати мамлакат дар самти ҳифзи қабати ҳаёти сайёра –озон мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 16, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз ифлосшавии ҳаво ва таъсири чангу ғубор худро эҳтиёт намоед!
ПАХТА — ЗИРОАТИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН. Барои ҳавасмандии марди деҳқон арзиши ин маҳсулот бояд баланд бардошта шавад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деҳаи нав — «Обшорон» бунёд карда шуд
«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН». Дар Бадахшон даври вилояти озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гиёҳҳои хушккардашуда сарчашмаи маводи ғизоию шифоӣ мебошанд
ХОВАЛИНГ ТАЪРИХИ ЯКМИЛЛИОНСОЛА ДОРАД. Он барои илми ҷаҳонӣ чун маъхази бостоншиносӣ хизмат менамояд
Озмунҳои ҷумҳуриявӣ завқи кадбонугӣ ва анъанаҳои хӯрокпазии миллиро эҳё менамоянд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзӣ ба инсон қуввату дармон мебахшад
Саридораи бойгонӣ ҳамчун ниҳоди муҳими давлатӣ дар Тоҷикистон мавқеи назаррас дорад
Дар Душанбе масъалаҳои пешбурди ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуданд
Рушди соҳаи гастроэнтерология ва гепатология баррасӣ гардид
Намояндаи Суди конститутсионии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии адолати конститутсионӣ иштирок намуд