30 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАВЛОНО. Ҷалолуддини Балхӣ бо андешаю афкори созанда ҷаҳонро тасхир намудааст

ДУШАНБЕ, 30.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 30 сентябр Рӯзи Мавлоно аст. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207- 1273) шахсияти бузург ва нотакрори ирфону адаб буда, осори ҷовидонаи ӯ ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб хонандагону эътиқодмандони зиёд дорад.
-Асарҳои гаронбаҳои Мавлоно — «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир», «Фиҳи мо фиҳи», «Мавоизи маҷолиси саъба» ва «Мактубот» падидаҳои нотакрор ва саршор аз арзишҳои тоҷиконаи мардуми Хуросони бузург мебошанд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми табрикотӣ ба муносибати таҷлили зодрӯзи Мавлоно Чалолуддини Балхӣ 30 сентябри соли 2009 иброз доштаанд, «дар осори Ҷалолуддини Балхӣ ақидаҳои озодандешӣ, тақвияти руҳи миллию ватандӯстӣ, ифтихору худогоҳӣ ба таври возеҳ инъикос гардидаанд.
Мавлоно мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав ва дигар суханварони бузурги шеъру адаби тоҷик ба арзишҳои миллӣ, бахусус расму оин, паҳлавонону қаҳрамонони пешин, забони модарӣ, яъне забони тоҷикӣ ва монанди инҳо эҳтиром мегузошт ва онҳоро дар осораш ситоиш менамуд.
Мавлоно адолатро ҳамчун яке аз категорияҳои асосии арзишҳои ахлоқии шахс маънидод мекунад. Дар баробари ин, ӯ мафҳумҳои сабр, таваккул, ҷасорат, ҷавонмардӣ ва накӯкориро баррасӣ намуда, бухлу ҳасад, тамаъкорӣ, сарватпарастӣ, муфтхӯриву ситамкорӣ ва ҷаҳолатро маҳкум менамояд».
«Мавлоно, ки дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза ба дунё омада, бештари ҳаёти худро дар Туркия ба сар бурдааст, ба бисёр мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ сафар намуда, чандин забони мардумони ин минтақаро омӯхтааст. Забони осори Мавлоно — забони қалби инсонҳост, ки барои ҳама халқияту миллатҳо фаҳмо мебошад.
Ин аст, ки ӯ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб ҳамчун яке аз бузургтарин шоирону мутафаккирон маҳбубият пайдо намудааст ва эҷодиёташро дар тамоми олам пиру ҷавон, марду зан, сарфи назар аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ, бо шавқу завқи беандоза қироат намуда, аз он неруи маънавӣ мегиранд»,-изҳор намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Воқеан ҳам Мавлоно шоир ва донишманде мебошад, ки мероси адабиаш давоми асрҳо дар хизмати инсоният қарор дорад. Аз ин нуқтаи назар шеъру андешаҳои фалсафии Мавлоно аз доираи аҳамияти миллӣ берун баромада, оламгир гардидаанд.
Ҳарчанд аз замони зиндагӣ ва даргузашти Мавлоно зиёда аз ҳаштсад сол сипарӣ шудааст, ӯ имрӯз ҳам таваҷҷуҳи аҳли башарро ба худ ҷалб мекунад. Ин аст, ки аз ҷониби ЮНЕСКО соли 2007 соли 800-солагии Мавлоно эълон шуд ва на танҳо дар мамлакати мо, балки дар бисёр давлатҳои олам таҷлил гардид.
Эҷодиёти Ҷалолуддини Балхӣ гуногунҷабҳа буда, тамоми паҳлуҳои зиндагии инсон, андеша, тафаккур ва талаботи рӯзмарраи аҳли башарро фаро мегирад. Ашъору афкори ӯ маҳдуд ба як қавму миллат ва ё дину оин набуда, ба тамоми башарият нигаронида шудааст.
Мавлоно мардумони оламро ба ваҳдат, сулҳу дӯстӣ, ҳамзистию ҳамфикрӣ даъват мекунад, дар байни миллатҳои гуногуни олам муҳаббату эҳтиром ва ҳамфикрию ҳамдилӣ эҷод менамояд, барои саодату хушбахтии насли башар ва бақои сайёра мекӯшад.
Мавзуи ахлоқ ҷанбаи дигари эҷодиёти Мавлоно мебошад, ки аҳамияти хосаро дорост. Таълимоти ахлоқии ӯ саршори панду андарзҳо буда, озодии инсонро ҷавҳари ташаккул ва такомули шахсият мешуморад.
Дар даврони истиқлолият ва хусусан, пас аз ҷашни 800 — солагии Мавлоно дар Тоҷикистон мавлавишиносӣ суръати тоза касб намуд. Олимону донишмандони тоҷик доир ба рӯзгору осори Мавлоно рисолаву китобҳои зиёде ба табъ расониданд.
Бояд гуфт, ки бахшида ба 815-солагии Мавлонои Балхӣ 7-8 июни соли 2024 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, ки дар он донишмандону муҳаққиқон ва мавлоношиносон аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҷамъ омаданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҷаҳонро бо андешаҳою афкори созандааш тасхир кардааст. Осори ҷовидонаи Ҷалолуддини Балхӣ имрӯз ба даҳҳо забони гуногуни ҷаҳон тарҷума шуда, дар интиҳои асри XX дар радифи даҳ китоби сертеъдод ва хонотарини аҳли олам қарор гирифтааст. Ду асари бузурги Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ: «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир» шабеҳи оинаҳое ҳастанд, ки Мавлоно фарорӯи одамиён доштааст. Он чи дар ин оинаҳои ҷаҳоннамо инъикос ёфтааст, баёнгари ҳодисоту воқеот ва мушкилоте мебошад, ки инсон асрҳо бо онҳо даст ба гиребон аст. Ва агар инсонҳо тавсияҳои арзишманди ин шоири андешамандро ба кор гиранд, метавонанд бар бисёр душвориҳои зиндагӣ пирӯз шаванд.
Мавлонои Балхӣ инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқу ҳамбастагии онҳоро тарғиб менамуд. Сулҳу оштӣ, ишқу ошиқӣ ба ақидаи Мавлоно, қодир аст заминро бо осмон хешу табор гардонад. Ҷалолуддини Балхӣ аз он нобиғагони нодир аст, ки таърихи фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст. Ӯ бо ҳама бузургӣ устуравор дар майдони андешаи қарнҳо қомат афрохтааст ва ҷилои тафаккураш забони тоҷикиро шукуҳу ҷалол бахшидааст.
Ба феҳристи хотироти ЮНЕСКО дохил гардидани Куллиёти Мавлоно дар қатори номгӯи падидаҳои фарҳангие, ки солҳои охир аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд, нишони дурахшони дигари эътирофи расмии фарҳанги бузурги гузаштагони мо аст.
Воқеан, осори гаронбаҳо ва арзишманди Мавлонои Балх баъд аз сипарӣ шудани беш аз ҳаштсад сол ҳанӯз ҳам аҳамият ва қадру қимати худро гум накардааст, балки баръакс, имрӯз беш аз ҳар вақт дар олам нуфузу обрӯ дорад ва пешгоми ҷомеа мебошад, ки мояи сарфарозӣ ва ифтихори мо, ворисонаш аст.
Ба андешаи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон, бузургии Мавлоно дар офаридани сухани зебову шевои тоҷикона ба ҳадде аст, ки тибқи баъзе ривоёт, устодони забони модарии мо, чун шайх Саъдӣ ҳанӯз дар замони зиндагияш шефтаи сурудаҳои ӯ гаштаанд.
Мавлоно Ҷалолиддин ба зоҳиру ботин нахуст шоир ва донишманди миллӣ ва пас аз он фаромиллӣ аст. Муқаддасоти миллии мо, аз ҷумла забону фарҳанг барои ӯ ҳамчунон азизу маҳбуб ҳастанд ва Мавлоно ба забону фарҳанги миллӣ дилбастагӣ ва алоқамандии хос дорад. Лаззати табъи сурудани сухани баландро ӯ бегумон аз чашидани қанди забони биҳиштии модарӣ дарёфтааст».
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Шахсияти Мавлоно мояи ифтихор ва сарфарозии мо — тоҷикон ва тамоми башарият аст. Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд.
Ҳамасола 30 сентябр ҷашн гирифтани зодрӯзи Мавлоно нишонаи возеҳи эҳтироми мо ба хизматҳои таърихии ӯ дар ҳаққи миллати худ ва аҳли башар буда, ифодагари арҷгузорӣ нисбат ба гузаштагон, ҳикмати ниёгону андешаи бузургворон мебошад, ки моро аз дурии асрҳо имрӯз низ ҳидоят менамоянд».
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз