34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бағдоди Ироқ таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 09.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар медиҳад.
Дар ин чорабинии бошукуҳ намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Ироқ, корпуси дипломатии муқими Бағдод, аҳли фарҳангу ҷомеа, ҳамчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ироқ зисту фаъолият доранд, иштирок намуданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода зимни суханронӣ бо таърихи ташаккули давлатдории миллӣ таҳти роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои назаррас дар даврони соҳибистиқлолӣ, пешрафтҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон шинос намуд.
Ҳамзамон ба нақши робитаҳои дӯстона ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Ироқ дар таҳкими дӯстии миллатҳо ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд ишора карда шуд.
Чорабинӣ дар фазои дӯстона ҷараён гирифта, ба густариши робитаҳои фарҳангиву инсонии ду кишвар ва тақвияти ҳамбастагии тоҷикони бурунмарзӣ саҳми арзанда гузошт.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт











Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд






