35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд 1000 иншоот ба истифода дода шудааст
ДУШАНБЕ, 08.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд сохтмон, навсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз нақша пеш аз муҳлат иҷро ва беш аз 1000 иншоот дар шаҳр мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд иншооти ҷашнӣ буда, бо бунёду мавриди истифода қарор гирифтани он барои кормандон шароити мусоиди кор фароҳам оварда мешавад. Бино аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон, толорҳои конфронсӣ, толорҳои намоиш ва ошхона ҷойгир мебошанд.
Ҳамчунин сохтмони бинои Суди вилояти Суғд идома дорад. Бино аз таҳхона ва 7 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар шароити зарурӣ барои кормандони мақомоти Суди вилоят фароҳам оварда мешавад. Лоиҳаи иншоот мутобиқ ба талаботи замон таҳия гардида, бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида бунёд мегардад.
Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои нави зершуъбаи шаҳраки милитсияи соҳили рости Сирдарёи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмиру навсозии бинои филиали Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






