Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 36-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии кишварҳои ИДМ иштирок намуд

Сентябрь 27, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 27.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25-26 сентябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон иҷлосияи 36-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар доданд.

Иҷлосияи 36-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо мақсади баррасии самтҳои стратегӣ ва мубодилаи дастовардҳои илмию техникӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ ва зуҳуроти хатарноки табиӣ доир гардид.

Дар ин чорабинии сатҳи баланд тибқи анъана роҳбарон ва намояндагони тамоми хадамоти миллии обуҳавошиносии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Ҳайати Тоҷикистон дар ин иҷлосия оид ба зарурати таҳкими иқдоми муштарак дар ҳифзи манфиатҳои кишварҳои минтақа дар шароити тағйирёбии иқлим маъруза намуданд.

Ин чорабинии сатҳи баланд имконият медиҳад, ки роҳҳои муассири  дарёфт ва истифодаи саривақтии иттилооти обуҳавошиносӣ таҳия шуда, шарикии хадамоти миллии обуҳавошиносӣ таҳким ёбад.

Дар доираи иҷлосия масъалаҳои рушди фаъолияти хадамоти миллии обуҳавошиносӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ, инчунин раванди иҷрои Стратегияи рушди фаъолияти обуҳавошиносии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва татбиқи нақшаи он, системаи ҷаҳонии мубодилаи маълумот ва технологияҳо, беҳтар намудани дақиқии пешгӯиҳо ва самаранокии системаи огоҳкунии хатарҳо, рушди лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак барои баланд бардоштани малакаи мутахассисон, навсозии инфрасохтори техникӣ ва татбиқи усулҳои инноватсионӣ муҳокима гардиданд.

АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 27, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд