Ҳайати Тоҷикистон дар муҳокимаи масъалаҳои муҳими иқтисодию молиявӣ дар доираи ИДМ иштирок намуд

Сентябрь 26, 2025 09:19

ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти тафтиши андозии (молиявии) кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини директори Агентӣ Фирӯз Камолзода иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд, дар ҷаласа намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Узбекистон ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа аз натиҷаи фаъолияти Шуро дар самти таҳкими сулҳу субот ва амнияти иқтисодӣ барои давраи соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки солҳои охир фаъолияти Шуро густариш ёфта, он дар таҳкими амнияти иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нақши калидӣ мебозад.

Илова бар ин, иштирокчиён дар доираи ҷаласа масъалаҳои муҳими мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ, ҷиноятҳои бо истифода аз дороиҳои рақамӣ содиршаванда, муқовимат ба маблағгузории терроризм ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро, ки бо истифода аз интернет ва воситаҳои рақамии пардохт содир мешаванд, баррасӣ намуда, вобаста ба тарзу усулҳои ошкоркунии ҷиноятҳо дар ин самт табодули афкор намуданд.

Вобаста ба рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карда шуд, ки барои боз ҳам пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ ҳамкорӣ дар доираи Шуро тақвият дода шавад.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2025 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард