Ҳаким Фирдавсӣ камоли бузургвории устод Рӯдакиро дар забону адаби мо дар «Шоҳнома» мавриди ситоиш қарор додааст

Сентябрь 21, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 21.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мегардад. Бахшида ба ин сана узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон таҳти унвони «Зикри Устод Рӯдакӣ дар «Шоҳнома»» чунин ибрози назар намуд:

— «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ на танҳо ҳамосаи бузурги миллӣ, балки таърихи ростин ва оинаи тамомнамоест, ки дар он корномаи бузургони рӯзгори куҳан ва замони муаллиф, аз ҷумла чигунагии ба забони модарии мо ба назм овардани қиссаҳои маъруфи «Калила ва Димна» аз тарафи устод Рӯдакӣ  инъикос шудааст.

Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», дар бахши «Гуфтор андар овардани Барзуй «Калила ва Димна»-ро аз Ҳиндустон» аз забони тозӣ, яъне арабӣ тарҷума ва ба қалами устод Рӯдакӣ ба назм овардани ин қиссаҳоро ба замони подшоҳии Наср ибни Аҳмади Сомонӣ бо ҳидояти вазири адабдӯсти вай – Абулфазли Балъамӣ нисбат медиҳад:

Ба тозӣ ҳамебуд то гоҳи Наср,
Бад-он гаҳ, ки шуд бар ҷаҳон шоҳ Наср.

Гаронмоя Булфазл – дастури ӯй,
Ки андар сухан буд ганҷури ӯй,

Бифармуд, то порсии дарӣ
Бигуфтанду кутоҳ шуд доварӣ…

Гузорандае пеш биншонданд,
Ҳама нома бар Рӯдакӣ хонданд.

Бипайваст гӯё парокандаро,
Бисуфт инчунин дурри огандаро.

          Зимнан, матлаби аз арабӣ ба забони модарии мо тарҷума шудани «Калила ва Димна» дар «Муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абумансурӣ» ҳам, ки то замони мо боқӣ мондааст, ёд шудааст, вале бо он чи Фирдавсӣ мегӯяд, андак тафовут дорад.

Ба иттилои муаллифи «Шоҳнома»-и Абумансурӣ, Барзуяи табиб дар рӯзгори Анӯшервон «Калила ва Димна»-ро аз Ҳиндустон ба дарбори вай овард ва аз забони ҳиндӣ ба паҳлавӣ тарҷума намуд. Маъмуни писари Ҳорунаррашид дар замони хилофати худ вазираш Абдуллоҳи писари  Муқаффаъро фармуд, ки ин китобро аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума намояд. Тарҷумаи арабии «Калила ва Димна»-ро Ибни Муқаффаи эронинажод анҷом додааст. Подшоҳи  Сомонӣ – Насри писари Аҳмад ба вазири худ Абулфазли Балъамӣ дастур дод, ки «Калила ва Димна»-ро аз арабӣ ба порсии дарӣ тарҷума созад. Абулфазли Балъамӣ онро аз забони арабӣ ба забони модарии мо гардонид ва баъдан устод Рӯдакӣ бо хоҳиши ҳамин амири сомонӣ онро ба назм овард ва «андар забони хурду бузург афтод ва номи ӯ бад-ин зинда гашт ва ин нома аз ӯ ёдгорӣ бимонд». Гузашта аз ин, ба қавли муаллифи «Муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абумансурӣ», ҳамчунин бо дастури амири сомонӣ наққошони Чин тарҷумаи манзуми устод Рӯдакиро бо тасвирҳои рангин зинат бахшиданд, «то ҳар касеро хуш ояд, дидан ва хондани он…».

Чунонки ба мушоҳида мерасад, ҳам дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва ҳам дар қисмати боқимондаи муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абумансурӣ ба қалами устод Рӯдакӣ дар замони фармонравоии Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ва вазири ӯ – Абулфазли Балъамӣ ба назм омадани қиссаҳои маъруфи «Калила ва Димна» таъкид гардидааст.

Ҳамчунин дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз азамату шукуҳи Сомониён дар оғози достони «Подшоҳии Ашкониён» ёд шудааст:

Куҷо он бузургони Сосониён,
Зи Баҳромиён то ба Сомониён.

          Шак нест, ки агар давлатдории Сомониён бо фитнаи душманони дохилию хориҷӣ аз ҳам фурӯ намепошид ва идома пайдо мекард, Фирдавсӣ корномаи Тоҳириёну Саффориён ва Сомониёнро ҳам ба назм оварда, ҳамчунон ки вуруди Борбадро дар базми Парвез тасвир намудааст, шукуҳу ҷалоли устод Рӯдакиро дар дарбори Сомониён ба риштаи тасвир мекашид.

Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ таворуди сурудаҳои Рӯдакӣ ҳам ба назар мерасад. Масалан, дар байни осори боқимондаи Рӯдакӣ байти зер мавҷуд аст:

В-агар паҳлавонӣ надонӣ забон,
Варазрӯдро Мовараннаҳр дон.

          Ин байт дар достони «Заҳҳок»-и «Шоҳнома» бо каме дигаргунӣ чунин омадааст:

Агар паҳлавонӣ надонӣ забон,
Ба тозӣ ту Арвандро Даҷла хон.

          Дар маҷмуъ, дар намунаи матлаби дар боло ёдшудаи зикри устод Рӯдакӣ ва чигунагии назми «Калила ва Димна» дар «Шоҳнома» метавон ба ҳамин натиҷа расид, ки ҳаким Фирдавсӣ бо чашми ҳақиқатбин ва қалами ҳақиқатнигор камоли бузургвории устод Рӯдакӣ ва «дурр суфтан»-и ӯро дар забону адаби мо таъйиду эътироф намуда, мавриди ситоиш қарор додааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 21, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Новосибирски Русия гӯшаи забон ва адабиёти тоҷик ифтитоҳ ёфт
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Оид ба пешниҳоди «Стратегияи миллии идоракунии партовҳо то соли 2040» ҷаласаи корӣ доир гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобдорӣ муҳим аст
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, шанбе, 263-юмин рӯзи соли 2025 аст
Ҳамкории мақомоти ноҳияи Шаҳринав ва Сафорати Ҷопон дар самти рушди соҳаи маориф тақвият меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Интернети хонагӣ бештар дастрас гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад