Ҳамкории Парлумони Тоҷикистон бо Ассамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 20.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар шаҳри Вена дар доираи иштирок дар маросими хотимавии ташаббуси «Ҷавондухтарон барои сулҳ, тавонмандсозии ҷавондухтарони Осиёи Марказӣ» бо мудири Маркази пешгирии низоъҳои Котиботи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Кейт Фирон, муовини Президенти Асамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Гудрун Куглар ва Роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Австрия — Осиёи Марказӣ ва Муғулистон муовини Президенти Ассамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Ҳенрике Брандштёттер вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки Тоҷикистон ба рушду таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи Парламентии ин Созмон бахусус дар самти ҳамкории байнипарламентӣ, ки яке аз абзорҳои муҳимми густариши робитаҳои дуҷониба ва тақвияти муколамаи созанда байни давлатҳо ба ҳисоб меравад, аҳаммияти хоса медиҳад.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳо аз нақш ва мақоми Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ёдовар шуда, ин Созмонро ҳамчун шарики боэътимоди Тоҷикистон ном мебаранд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон бузургтарин Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар минтақа ва Коллеҷи идораи сарҳадии ин Созмон ҷойгир буда, беш аз 20 лоиҳа дар самтҳои гуногун амалӣ карда мешаванд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун мамлакати сулҳҷӯ ва узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкории самарабахшро бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ҳамчунин Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон бо Шурои Миллии Парламенти Ҷумҳурии Австрия ва минтақаи Аврупо густариш медиҳад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид






