Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба 5 ҳазор нафар кумакҳои пулию моддӣ расонида шуданд

Сентябрь 6, 2025 09:41

ДУШАНБЕ, 06.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҷмуъ ба 5 ҳазор нафар кумакҳои пулию моддӣ расонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Аз ҷумла, ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ятимони кулли муассисаи давлатии таҳсилотӣ барои кӯдакони ятим ва бепарасторон кумак расонида шуд.

Инчунин ба кормандони раёсатҳои истифодаи роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе кумакҳои пулию моддӣ расонида шуданд.

Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои муҳим мебошад. Ҳоло дар тамоми қаламрави мамлакат ин гурӯҳҳои аҳолӣ аз ҳар иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ баҳраманд мегарданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Сентябрь 6, 2025 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид