Бахшида ба Рӯзи Маҷлиси Олӣ — Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бахшида ба Рӯзи Маҷлиси Олӣ-Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки имсол ба фаъолияти Парламенти мамлакат, яъне Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат 30 сол пур мешавад.
Изҳор гардид, ки бунёдгузори Маҷлиси Олӣ ва мактаби парламентаризм дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Зеро маҳз бо ҷаҳду талошҳои ин шахсияти бузурги таърихӣ дар Тоҷикистон парламентаризми муосир ба фаъолият оғоз намуд.
26 сентябри соли 1999 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки моҳият ва вазъи ҳуқуқии парламентро мушаххас ва дигаргун намуданд. Дар асоси тағйиру иловаҳо Маҷлиси Олӣ иборат аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфта, ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон 63 нафар ва ҳайати аъзои Маҷлиси миллӣ 33 нафар муқаррар карда шуд. Тибқи муқаррароти Конститутсия, парламенти мустақил ва воқеӣ арзи ҳастӣ намуд. Тоҷикистон аз низоми ягонаи нахустин — Шуро чун мақоми пурраҳокимият даст кашид. Конститутсия асосҳои ташкилӣ ва фаъолиятии моҳиятан нави Маҷлиси Олиро муқаррар намуд.
Раиси кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон Маҳмадалӣ Ватанзода иброз дошт, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати фаъолият дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳкими сулҳу салоҳ, пойдории асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлатӣ, эҳтирому эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин таъмини волоияти қонун дар ҷомеа саҳм мегузорад.
«Боварии комил дорем, ки ин шохаи ҳокимияти давлатӣ минбаъд низ асолати таърихан бар зиммааш гузоштаро сарбаландона иҷро намуда, дар таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва эҳтирому арҷгузорӣ ба онҳо боз ҳам саҳми назаррас мегузорад»,-гуфт Маҳмадалӣ Ватанзода.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид






