Бахшида ба Рӯзи Маҷлиси Олӣ — Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид

Сентябрь 26, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 26.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бахшида ба Рӯзи Маҷлиси Олӣ-Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши  тантанавӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки имсол ба фаъолияти Парламенти мамлакат, яъне Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат  30 сол пур мешавад.

Изҳор гардид, ки бунёдгузори Маҷлиси Олӣ ва мактаби парламентаризм дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Зеро маҳз бо ҷаҳду талошҳои ин шахсияти бузурги таърихӣ  дар Тоҷикистон   парламентаризми муосир ба фаъолият оғоз намуд.

26 сентябри соли 1999 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки моҳият ва вазъи ҳуқуқии парламентро мушаххас ва дигаргун намуданд. Дар асоси  тағйиру иловаҳо Маҷлиси Олӣ иборат аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфта, ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон 63 нафар ва ҳайати аъзои Маҷлиси миллӣ 33 нафар муқаррар карда шуд. Тибқи муқаррароти Конститутсия, парламенти мустақил ва воқеӣ арзи ҳастӣ намуд. Тоҷикистон аз низоми ягонаи нахустин — Шуро   чун мақоми пурраҳокимият даст кашид. Конститутсия асосҳои ташкилӣ ва фаъолиятии моҳиятан нави Маҷлиси Олиро муқаррар намуд.

Раиси кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон  Маҳмадалӣ Ватанзода иброз дошт, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати фаъолият дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳкими сулҳу салоҳ, пойдории асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлатӣ, эҳтирому эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин таъмини волоияти қонун дар ҷомеа саҳм мегузорад.

«Боварии комил дорем, ки ин шохаи ҳокимияти давлатӣ минбаъд низ асолати таърихан бар зиммааш гузоштаро сарбаландона иҷро намуда, дар таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва эҳтирому арҷгузорӣ  ба онҳо боз ҳам саҳми назаррас мегузорад»,-гуфт Маҳмадалӣ Ватанзода.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Таҳти раёсати Раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамӣ Рустами Эмомалӣ ҷаласа баргузор гардид
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаҳои нав ба тасвиб расиданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст