Дар Алмато беш аз 900 тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуд

Сентябрь 22, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 22.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 21 сентябр дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии вилояти Хатлон доир гардид. Дар ин намоишгоҳ 950 тонна маҳсулоти  кишоварзӣ пешниҳод гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар Ҷумҳурии Қазоқистон Намоишгоҳи маҳсулоти  кишоварзӣ, таъомҳои миллӣ, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ пешкаши сокинону меҳмонон гардонида шуд.

Дар гӯшаҳои алоҳидаи намоишгоҳ маҳсулоти хушсифату аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзӣ, ба монанди тарбузу харбуза, намудҳои гуногун ва хуштаъми ангур, сабзавоту меваҷот дар шакли тару тоза, хушк ва консервашуда, асал ва дигар номгӯи маҳсулот ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд, ки мавриди таваҷҷуҳи зиёди сокинону меҳмонони шаҳри Алмато гардид.

Ин тадбири муҳим барои густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва пайдо намудани шарикони ҳамкор заминаи мусоид фароҳам оварда, дар афзоиши минбаъдаи гардиши савдои хориҷии ду мамлакат нақши муайян мегузорад.

Дар доираи баргузории намоишгоҳ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳокими вилояти Алмато Марат Султонгазиев вохӯрӣ намуд.

Ҷонибҳо ҳамкории дуҷониба дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак ва таҳлили раванди ҳамкорӣ дар ҳама бахшҳо,  ташаккули боз ҳам беҳтари равобит дар масъалаҳои тиҷорат, илму маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳоро мавриди барррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин Раиси вилояти Хатлон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Fruit Art» шинос шуд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Fruit Art» бо истифода аз технологияи олмонӣ меваро коркард намуда, дорои яхдонҳои махсуси 3000-тоннагӣ ва анбори замонавии нигоҳдории меваҷот бо иқтидори 15 000 тонна мебошад. Тибқи иттилоъ, дар ин коргоҳ 420 нафар ба таври доимӣ кор мекунанд.

Корхона аз рӯи ҳаҷми интиқоли ашёи хом дар ҷаҳон яке аз се корхонаи истеҳсолкундаи мева дар яхдон буда, таҷрибаи истеҳсолии он нодир аст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Сентябрь 22, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст