Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025» идома дорад
ДУШАНБЕ, 13.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025» идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар даври шаҳрии озмун ғолибони даври ноҳиявӣ: омӯзгори синфҳои ибтидоии Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур Зарина Азизова, омӯзгори фанни математикаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ Муродалӣ Сайёдзода, омӯзгори фанни забони русии Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ Гулчеҳра Ғиёсова ва омӯзгори фанни биологияи Литсейи Умари Хайёми ноҳияи Сино Ҳусейн Ализода иштирок доранд.
Тибқи тартиб, довталабон дарсҳои намунавӣ аз рӯи ихтисос, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), маҷлиси падару модарон ва соати тарбиявӣ доир менамоянд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






