Дар Кӯлоб барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 04.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси ҷадвали баргузории мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб силсилавохӯриҳо доир гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.
Зимни мулоқот вакилони мардумӣ доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии давлат маълумоти муфассал манзур намуданд.
Ҳамзамон дар суҳбатҳо масъалаҳои марбут ба боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, вусъат бахшидани корҳои созандагӣ дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, истифодаи оқилонаи обу замин, сарфаи неруи барқ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси худшиносии миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Интихобкунандагон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Пешвои миллат заминаи асосии сулҳу субот ва пешрафти устувори мамлакат мебошад. Онҳо ҳамзамон якчанд пешниҳоди судмандро доир ба ҳалли мушкилоти маҳаллӣ, аз ҷумла беҳдошти роҳу кӯчаҳо, рушди соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ баён карданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон иброз доштанд, ки пешниҳодҳои сокинон ба назар гирифта шуда, дар асоси имконияти қонунгузорӣ барои ҳалли онҳо тадбир андешида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд






