Дар Кувайт 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд

Сентябрь 13, 2025 09:43

ДУШАНБЕ, 13.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамватанони муқими Кувайт ва донишҷӯёни тоҷик таҷлил карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода аҳаммият ва маънои истиқлолиятро шарҳ дода, ҷавононро ба ҳифзи арзишҳои истиқлол, якпорчагӣ ва дастовардҳои даврони соҳибихтиёрии давлати азизамон даъват намуд.

Ҳамзамон Сафир оид ба мавзуъҳои таърихи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи миллӣ, дастовардҳо ва ташаббусҳои байналмилалии мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ маъруза намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Сентябрь 13, 2025 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид