Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ нахустин ҳамоиши минтақавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нахустин ҳамоиши минтақавӣ доир шуд, ки то 5 сентябр идома меёбад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хабар дорданд, ҳамоиш баъди ба даст овардани мавқеи байналмилалӣ, ки аттестатсияи он аз ҷониби Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) баргузор карда шуд, доир мегардад.
Дар ҳамоиш намояндагон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ, аз ҷумла Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон иштирок доранд.
Нахустин ҳамоиши минтақавӣ ба масъалаҳои муҳими пешгирии таҳдидҳои ядроӣ ва радиатсионӣ, аз ҷумла ошкорсозии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ, таҳқиқоти криминалистӣ ва ҳамкории минтақавӣ дар самти мубориза бар зидди қочоқи ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ равона гардида, дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии неруи атоми (АБНА) ташкил шудааст.
Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ 29 октябри соли 2024 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун иншооти минтақавӣ ба таври расмӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






