Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои муросо баргузор гардид
РӮДАКӢ, 25.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди амалинамоии «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои муросо баргузор намуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Фаъолияти Шурои муросо ба андешидани тадбирҳо барои ҳифзи оила, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии никоҳҳои бармаҳалу хешутаборӣ ва пошхӯрии оилаҳо нигаронида шуда, ба солиму пойдор нигоҳ доштани оилаҳо ва тарбияи хуби фарзандон дар оила мусоидат менамояд.
Ин ҷаласа бо мақсади таъсиси Шурои муросо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ чун минбари ёрирасон ба марказҳои машваратӣ-иттилоотӣ гузаронида шуд.
Намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тарғиби либоси миллӣ, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», нақшаҳои амали «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», «Барномаи давлатии рушди оила барои солҳои 2024-2026» ва «Барномаи давлатии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2025-2030» бо аҳли ҷамоат ва донишҷӯёни Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ вохӯриҳо доир намуданд.
Намояндагони кумита дар ин вохӯриҳо вобаста ба нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, истифодаи самараноки маблағҳои грантӣ, ҷалби духтарон ба муассисаҳои олии мамлакат тавассути квотаи президентӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа ибрози назар намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд






