Дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони муассисаи томактабии «Ёсуман» ба анҷом расид

Сентябрь 2, 2025 19:00

РӮДАКӢ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр, дар Рӯзи дониш гурӯҳи корӣ бо анҷоми сохтмони муассисаи томактабии «Ёсуман»-и ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Муассиса бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бо истифода аз усулҳои муосир ва риояи стандартҳои баланд сохта шуда, барои таълиму тарбияи 240 кӯдак дар 8 гурӯҳ пешбинӣ шудааст. Бино бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, барои истифода пурра омода мебошад.

Бинои муассиса дорои чор ошёна буда, бо синфхонаҳои таълимӣ, майдончаҳои варзишӣ ва таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин мебошад. Ба таълиму тарбияи кӯдакон 16 мураббия ва шумораи зарурии кормандони техникӣ ҷалб шудаанд, ки бо масъулияти баланд фаъолият мекунанд.

Ифтитоҳи расмии муассиса 26 октябри соли 2024 бо иштироки   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд.

Зимни боздид аз муассиса Пешвои миллат бо сатҳи баланди корҳои сохтмонӣ, таҷҳизоти муосири таълимӣ ва муҳити фароҳамшуда барои тарбияи насли наврас шинос шуда, барои густариши имконияти таълимию тарбиявӣ ба масъулон супориш доданд, ки дар марҳилаи дуюм дар муассиса бунёди ошёнаҳои иловагӣ ва васеъсозии инфрасохторро идома дода, барои фарогирии бештари кӯдакон шароити боз ҳам беҳтар муҳайё намоянд. Хушбахтона, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ сари вақт супоришҳои Сарвари давлатро иҷро намуда, кӯдакистонро тибқи  тавсияҳои Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бунёд намуданд.

Иброз гардид, ки бо дастгирии Пешвои миллат ва таваҷҷуҳи махсус ба соҳаи маориф имконоти таълиму тарбия пайваста беҳтар шуда, заминаи рушди устувори маънавию зеҳнии насли ояндасоз фароҳам меояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Сентябрь 2, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд