Дар ноҳияи Зафаробод 7 корхонаи қабулу коркарди пахта фаъолият менамоянд
ДУШАНБЕ, 28.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Зафаробод 7 корхонаи қабулу коркарди пахта фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зафаробод инвест» то имрӯз беш аз 2 ҳазору 200 тонна пахта захира намудааст.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, масъулини корхона нақша доранд, ки то 6 ҳазор тонна пахта қабул намоянд. Дар айни замон дар ин корхона беш аз 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Зафаробод аз калонтарин ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд буда, саҳми заркорони ноҳия дар ғанӣ гардонидани хирмани пурбори «тиллои сафед» назаррас аст.
Хоҷагии деҳқонии «Дилнур»-и ноҳия дорои 12 гектар замин буда, имсол дар 8 гектари он пунбадона кишт карда шуд. Ҳамарӯза 100-120 нафар ҳашарчиён аз ноҳияи Деваштич ба ёрии деҳқонон меоянд.
Дар хоҷагии деҳқонии «Камола»-и ноҳия ду комбайни муосири пахтачинӣ машғули ҷамъоварии пахта аст. Аъзои хоҷагӣ имсол дар 40 гектар пунбадона кишт намуда, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва обу ғизодиҳии саривақтӣ ҳосили фаровон рӯёниданд. Комбайнҳои муосир имконият медиҳанд, ки дар як рӯз то 30-50 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад.
25 сентябр дар ноҳияи Зафаробод ҷаласа доир шуда, зимни он масъалаи ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Таъкид шуд, ки ҳар кишоварз ва масъули соҳа бояд тамоми кӯшишро барои иҷрои пурраи нақшаи истеҳсоли пахта равона созад.
Раиси ноҳияи Зафаробод иттилоъ дод, ки дар айни замон аксари пахтазори ноҳия шукуфта, чиниши пахта идома дорад. Таъкид гардид, ки дар чунин айёми ҳалкунанда ноҳияи Зафаробод бояд ҳамарӯза на камтар аз 2,5–3 фоизи пахтаи чидашударо ба корхонаҳои қабул супорад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо истифодаи дурусти имконият ва муттаҳидии аҳли заҳмат ноҳияи Зафаробод нақшаи ҷамъоварии пахтаро сари вақт иҷро менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст






