Дар рӯзи охирини Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо варзишгарони тоҷик соҳиби 6 медал шуданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи охирини нахустин Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 220 варзишгар аз 12 давлат баргузор гардид, паҳлавонони Тоҷикистон аз намуди самбои размӣ байни мардон соҳиби шаш медал, аз ҷумла ду медали тилло, ду нуқра ва ду биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Медалҳои тиллоро Холид Талибзода ва Фариддун Одилов, медалҳои нуқраро Мустафо Алибеков ва Ҳисайн Ҷамахонӣ ва медалҳои биринҷиро Исфандиёр Холов ва Саймуҳаммад Исматзода ба даст оварданд.
Мусобиқа 20-21 сентябр баргузор шуда, варзишгарон дар ду бахш — самбои варзишӣ ва самбои размӣ дар 14 вазн байни мардону занон рақобат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки маросими ифтитоҳи мусобиқа 20 сентябр дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Зимни ифтитоҳи он Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат Зулфиқор Гулаҳмадзода изҳор дошт, ки баргузории ин мусобиқаи байналмилалӣ дар Тоҷикистон далели муҳими рушди самбо дар ҷумҳурӣ буда, дар муаррифии арзишҳои миллӣ ва таҳкими дӯстии байналмилалӣ саҳми арзанда хоҳад дошт.
Ғолибони рӯзи охирини Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе
🔸58 кг
🥇 Танрибредиев Ахмет 🇹🇲
🥈 Гапуров Шохрухбек 🇺🇿
🥉 Хабибуллаев Ибрат 🇺🇿
🥉 Турумбетов Арман 🇰🇿
🔸64 кг
🥇 Донтсов Александр (🌐 FIAS 1)
🥈 Авезбердиев Санҷарбек 🇹🇲
🥉 Закарянов Азамат 🇰🇿
🥉 Акмаммедов Сейдилла 🇹🇲
🔸71 кг
🥇 Арсланов Иса 🇹🇲
🥈 Анарбоев Ассет 🇰🇿
🥉 Горбунов Кирилл (🌐 FIAS 1)
🥉 Кудайбердиев Шерзат 🇰🇬
🔸79 кг
🥇 Гаджиев Хадис (🌐 FIAS 1)
🥈 Орозалиев Элхан 🇰🇬
🥉 Холов Исфандиёр 🇹🇯
🥉 Эргашов Суҳроб 🇺🇿
🔸88 кг
🥇 Толибзода Халид 🇹🇯
🥈 Алибеков Мустафо 🇹🇯
🥉 Эгамназаров Мирзатилла 🇺🇿
🥉 Назаргелдиев Абдила 🇹🇲
🔸98 кг
🥇 Одилов Фаридун 🇹🇯
🥈 Ҷамахонӣ Ҳисайн 🇹🇯
🥉 Гадоев Сардор 🇺🇿
🥉 Умаров Ҳаётҷон 🇺🇿
🔸+98 кг
🥇 Турақулов Бекназар 🇺🇿
🥈 Носиров Ислом 🇺🇿
🥉 Мадӣ Райхан 🇰🇿
🥉 Исматзода Саймуҳаммад 🇹🇯
Самбои варзишӣ – занон
🔹50 кг
🥇 Фёдорова Татяна (🌐 FIAS 1)
🥈 Бажаева Маргарита 🇰🇿
🥉 Ибрагимова Айман 🇰🇿
🥉 Суровсева Оксана (🌐 FIAS 1)
🔹54 кг
🥇 Писковец Диана (🌐 FIAS 1)
🥈 Луканина Анастасия (🌐 FIAS 1)
🥉 Радулова Таня 🇧🇬
🥉 Табак Виталия 🇲🇩
🔹59 кг
🥇 Штенсова Валентина (🌐 FIAS 1)
🥈 Чекалина Дария (🌐 FIAS 1)
🥉 Торебай Айнур 🇰🇿
🔹65 кг
🥇 Дорошенко Екатерина (🌐 FIAS 1)
🥈 Остапетс Валентина (🌐 FIAS 1)
🥉 Овлякуллыева Ҷемал 🇹🇲
🥉 Сатова Аружан 🇰🇿
🔹72 кг
🥇 Шевченко Евгения (🌐 FIAS 1)
🥈 Филиппович Анастасия (🌐 FIAS 1)
🥉 Облокулова Гулина 🇺🇿
🥉 Қайратқизи Анил 🇰🇿
🔹80 кг
🥇 Хомячкова Анастасия (🌐 FIAS 1)
🥈 Шут Карина (🌐 FIAS 2)
🥉 Бикова Карина (🌐 FIAS 1)
🥉 Ержан Мадина 🇰🇿
🔹+80 кг
🥇 Чоломбитко Албина (🌐 FIAS 1)
🥈 Генералова Полина (🌐 FIAS 1)
Бояд гуфт, ки дар маҷмуъ варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқа байни мардон соҳиби 9 медал, аз ҷумла 2 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ гардиданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад






