Дар Сеул 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 13.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар шаҳри Сеул чорабинии тантанавӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯён, шаҳрвандони муқими Корея ва намояндаҳои ширкатҳою муассисаҳо ва воситахои ахбори оммаи кишвари иқомат баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром таъкид кард, ки маҳз бо шарофати истиқлол, дар зери парчами истиқлол ва таҳти сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди тоҷик 34 сол инҷониб бо заҳмати содиқонаю софдилона давлати миллии худро бунёд ва Ватани маҳбуби хешро обод менамоянд.
Ҳамчунин Сафир шаҳрвандонро ба ҳифзи арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол даъват намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея








Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд






