Дар шаҳри Бӯстон ташхиси ройгони тиббии шаҳрвандон гузаронида шуд

Сентябрь 28, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 28.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд барои пешгирӣ ва сари вақт дарёфт намудани бемориҳои фарбеҳӣ, диабети қанд ва фишорбаландӣ ташхиси ройгон гузаронида шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон итилоъ доданд, аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии «Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ» ва Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим 820 нафар шаҳрвандон аз ташхис гузаронида шуданд. Дар натиҷа дар 24 нафар бемории диабети қанд, дар 219 нафар бемории фарбеҳӣ ва дар 123 нафар фишорбаландӣ дарёфт карда шуд.

Ба иттилои мутахассисон, омили гирифтории инсон ба ин бемориҳо риоя накардани реҷаи хӯрокхӯрӣ, ба варзиш машғул нгардидан ва камҳаракатӣ мебошад

Омилҳои гирифтор шудан ба бемории диабети қанд хеле зиёд мебошанд. Ин беморӣ ирсӣ низ мебошад. Диабети қанд бемории генетикие аст, ки аз насл ба насл мегузарад. Омилҳои дигари он ҳолатҳои зиёди стресс, қабули аз меъёр зиёди хӯрок ва камҳаракатӣ мебошанд.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки инсон бояд тарзи ҳаёти солимро пеш барад. Яъне бояд ба варзиш машғул шуда, меваю сабзавотро бештар истеъмол намояд. Сайру гашт дар ҳавои тоза низ хеле муфид аст. Инчунин бояд аз хӯрокҳои зудтайёр ва ё таоми дуюм худдорӣ кард.

Аз ҷониби кормандони муассисаи Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои пешгирии  ин бемориҳо ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Сентябрь 28, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд