Дар шаҳри Риёз 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 13.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ чорабинии идона баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар доданд.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Риёз Шоҳзода Файсал ибни Абдулазиз, масъулони волмақоми ниҳодҳои давлатии Арабистони Саудӣ, аъзои корпуси дипломатии муқими Риёз, намояндагони доираҳои корӣ ва васоити ахбори оммаи кишвари иқомат ва инчунин ҳамватанони тоҷикистонии муқими Арабистони Саудӣ иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ дар бораи дастовардҳои даврони Истиқлол сухан гуфта, таъкид кард, ки имрӯз Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи истиқлол ва соҳибихтиёрӣ, таҳкими асосҳои давлати демкоративу ҳуқуқбунёд ва татбиқи стратегияҳо ва ҳадафҳои авлавиятноки худ қадамҳои устувор мениҳад.
Дар идомаи суханронӣ бо ишора ба нақши афзояндаи Тоҷикистон дар арасаи байналмилалӣ дар бораи ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар самтҳои мудирияти захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо, зеҳни сунъӣ ва ҳамгироии минтақавӣ маълумот дода шуд.
Ҳамзамон нақши калидии роҳбариятҳои олии ду мамлакат ҷиҳати таъмини раванди рушди бемайлони ҳамкории мутақобилан судманд таъкид гардид.
Дар доираи чорабинӣ ба ҳозирин филми мустанади кутоҳ дар бораи муносибатҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва наворҳои мухталиф дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон ба забони арабӣ ва англисӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Дар ҳошияи ҳамоиш рӯнамоии китобҳои «Тоҷикон»- и академик Бобоҷон Ғаффуров ва “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарҷумаи арабӣ баргузор гардид.
Инчунин дар гӯшаи фарҳангиию иттилоотии ҳамоиш асарҳо ва китобҳо дар бораи корнома ва хизматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои даврони Истиқлол, таърихи пурғановати фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва инчунин брошюраҳо ва маводи муаррифӣ дар бораи зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ













Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид






