Дар Тоҷикистон маъракаи иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 24.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 31 октябри соли 2025 дар Тоҷикистон маъракаи иммунизатсияи оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам гузаронида мешавад. Ваксина дар доираи иммунизатсияи нақшавӣ ба духтарони 10-сола ва дар соли аввали вориднамоии иммунизатсия ба тақвими миллӣ ба духтарони 11-14 сола тавсия дода мешавад. Сабаби фарогирии ин синну сол он аст, ки дар ин давра иммунизатсия хеле самарабахш буда, ҷавоби иммунии қавиро таъмин месозад. Ин матлаб 23 сентябр зимни конфронси миллӣ оид ба воридкунии ваксина бар зидди вируси папилломаи одам дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карда шуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, конфронси миллӣ бо мақсади омодагӣ ба маъракаи ваксинатсия бар зидди папилломаи одам дар Тоҷикистон ва табодули таҷриба бо мутахассисони хориҷӣ гузаронида шуд.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 24 июли соли 2025 тасдиқ карда шудааст. Барои баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва маориф вобаста ба самаранокии ваксина бар зидди вируси папилломаи одам, воридкунии он ба Тақвими миллии иммунизатсия, инчунин баргузории чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди ин сироят дар байни гурӯҳҳои мақсадноки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони соҳаи иммунопрофилактика ва ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳо ба роҳ монда шудаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани иммунизатсия бар зидди вируси папиломаи одам давоми чанд соли охир тадбирҳои зарурӣ андешид. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон имконияти таъмин намудани дастрасии занон ба ин ваксина фароҳам гардидааст.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид






