Дар Тоҷикистон саршумори ҳайвоноти нодир афзоиш ёфтааст

Сентябрь 18, 2025 13:40

ДУШАНБЕ, 18.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди Тоҷикистон давоми 10 соли охир тибқи ҳисоботи коршиносони ватанию хориҷӣ  саршумори ҳайвоноти нодир, аз ҷумла морхӯр аз 1900 ба 6827 сар, Марко Поло аз 20 ҳазору 419 ба 29 ҳазору 43 сар  ва бабри барфӣ аз 350 ба 500 сар афзоиш ёфтааст. Ин омор 17 сентябр зимни суханронии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид. Метавон ёдовар шуд, ки соли 2023 бо пешниҳоди Тоҷикистон Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ки тибқи он ҳар сол 24 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии морхӯр ҷашн гирифта мешавад.

Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот бо мақсади дақиқ муайян намудани раванди зиёдшавии ҳайвоноти нодир дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла бабри барфӣ, морхӯр ва архар ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ва Академияи миллии илмҳо супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат баҳисобгирии воқеии ин ҳайвоноти нодирро анҷом дода, аз натиҷаи он ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ супориш дода шуд, ки дар асоси маълумоти Китоби сурх дар самти барқарору афзун намудани саршумори ҳайвоноти нодир ва захираи олами наботот ба таври самаранок фаъолият намоянд.

      АКС аз манбаъҳои боз

 

Сентябрь 18, 2025 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард