Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон вобаста ба муқовимат бо коррупсия ҳамоиш доир гардид

Сентябрь 15, 2025 09:56

ДУШАНБЕ, 15.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Муқовимат бо коррупсия дар низоми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилоти ҷойдошта ва чораҳои пешгирии он» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот  ва иттилооти Вазорати мудофиаи мамлакат хабар доданд.

Дар ҳамоиш намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва таъмини амнияти иқтисодии мамлакат баргузор гардид.

Иштирокчиён масъалаҳои мубрами марбут ба ҳолатҳои коррупсиониро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки мубориза бо коррупсия арҷгузорӣ ба низоми устувори давлатдорӣ, дастовардҳои истиқлолият ва дар ин замина таъмини зиндагии шоистаи мардум ба ҳисоб меравад.

Раванди мунтазами омӯзиш ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, рақамисозии раванди идоракунии захираҳои молиявӣ ва моддӣ дар сохтору ниҳодҳои давлатӣ, рушди ҳамкории байнисохторӣ байни мақомоти зиддикоррупсионӣ ва ниҳодҳои давлатию қудратӣ омилҳои муҳими пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳурот маҳсуб мешавад.

Таъкид гардид, ки мубориза бо коррупсия танҳо бо саъю кӯшиши як ниҳод ғайриимкон аст. Он бояд ҷанбаи умумиҷамъиятӣ ва бисёрсамта дошта бошад. Ҳамаи сохторҳо, хусусан хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бояд дар ин ҷода масъулиятшинос бошанд ва дар ҳифзи арзишҳои миллию амнияти давлатӣ саҳм гузоранд.

АКС: Маркази матбуот  ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2025 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд