Дар Вена нахустин консерти Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон баргузор шуд

Сентябрь 19, 2025 09:48

ДУШАНБЕ, 19.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори консертии «Эрбар Зал»-и шаҳри Вена таҳти унвони «Тараннуми дӯстии байналмилалӣ» нахустин консерти Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки оркестри «Кайзер-Валтс»-и Вена баргузор шуд. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, барнома бо мақсади тақвияти ҳамкории судманди фарҳангӣ байни Тоҷикистону Австрия ва муаррифии фарҳанги миллӣ дар маркази Аврупо танзим гардид.

Дар барномаи консертӣ намояндагони ҳайати дипломатии муқими Вена, доираҳои сиёсӣ, илмӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва тоҷикистониёни муқими Вена иштирок намуданд.

Барномаи «Тараннуми дӯстии байналмилалӣ»-ро тамошобинон гарм истиқбол намуданд.

 

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2025 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд