Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2025» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 23.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2025» оғоз ёфт. Дар он 5 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, аз рӯйи ҳафт шарт ҳунару маҳорат месанҷанд.
Зимни ифтитоҳи озмун Вазири маориф ва илм иброз намуд, ки Вазорати маориф ва илм барои ҳарчи бештар ҷалб намудани омӯзгорон ба эҷодкорӣ, навоварӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарин ва баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа чорабинӣ ва озмунҳо доир менамояд. Инчунин дар Тоҷикистон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидаанд.
Озмун бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии омӯзгорон, такмил додани раванди таҳсил, дарёфт ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони эҷодкор, рушди касбии омӯзгорон, дастгирӣ ва амалӣ намудани технологияҳои нав дар раванди омӯзиш, муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳсил дар соҳа, инчунин дарёфти кадрҳои боистеъдод ва ба вуҷуд овардани махзани кадрӣ гузаронида мешавад. Аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






