«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 159 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 30.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 159 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» роҳхат гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар даври сеюми озмун дар шаҳри Душанбе 595 нафар довталабон донишозмоӣ намуда, 159 нафар ғолиб гардид. Аз ин шумора 99 нафарро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 48 нафарро донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 12 нафарро ходимони илмӣ, аспиранту докторантон, докторантон аз рӯи ихтисос, докторантони ҳабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорон муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун ташкил медиҳанд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2 январи соли 2025 эълон гардида, даври шаҳрии он дар пойтахт дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар Муассисаи таълимии давлатии Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.
Довталабони озмун аз рӯйи 8 номинатсия дар гурӯҳҳои алоҳида аз фанҳои риёзиву дақиқ, табиӣ ва техникӣ, ихтироъкорию навоварӣ, барномасозию зеҳни сунъӣ сабқат намуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар асоси Низомномаи тасдиқгардида бо эҳсоси баланди худогоҳию худшиносии миллӣ ва бо шукуҳу шаҳомати махсус баргузор мегардад. Озмун барои рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаю технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт нақши созгор мегузорад.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад






