Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад

Сентябрь 3, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 03.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд.  Ҳаво шабона 18+20 дараҷа ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 3, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Олимони тоҷик аз қитъаҳои заминҳои таҷрибавӣ дар Яғноб ҳосили хуб гирифтанд
Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба соли нави таҳсил ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони муассисаи томактабии «Ёсуман» ба анҷом расид
Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
МАЪРИФАТ — ПОЙДОР, ИЛМУ АДАБ — УСТУВОР. Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
«Ҷойгоҳи зан дар даврони Истиқлол»-таҳти чунин унвон дар Левакант конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Ҳунарҳои мардумӣ бо усули «хона ба хона» ва «маҳалла ба маҳалла» тарғиб карда шуданд
Дар ноҳияи Муъминобод 26 китобхона фаъолият менамояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд