Имсол ба фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур шуд

Сентябрь 5, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 05.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҷашни бузурги миллӣ- 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол ботантана таҷлил менамоянд.

Гвардияи миллӣ воҳиди мустақили ҳарбии таъйиноти махсус ва тобеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, вазифаҳои муҳими давлатиро ба зимма дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Гвардияи миллӣ иттилоъ доданд, аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат афсарону сарбозони гвардия дар баробари дигар хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амният ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳайати шахсии гвардия аз рӯзҳои аввал бо боварию эътимод дар лаҳзаҳои тақдирсози миллат дар майдони ҳарбу зарб ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ғолиб омада, сазовори боварии Сарвари давлат ва роҳбарияти ҷумҳурӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳо пайваста таъкид менамоянд, ки давлату ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷон нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

Ҳифз ва мудофиаи иншооти махсусан муҳими давлатӣ, иштирок намудан дар маросими қабул ва гусели сардорони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, таъмин намудани амнияти шахсони расмӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои маросимӣ, ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои асосии Гвардияи миллӣ буда, ҳамчунин мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи миллӣ дар чорабиниҳои вобаста ба таъмини тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди терроризм ва дигар чорабиниҳо иштирок намуда, ба сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар иҷрои вазифаҳо мусоидат менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангӣ, беҳтар намудани шароити моддӣ-техникӣ ва вазъи иҷтимоии афсарону сарбозон пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Бо мақсади такмил додани қобилияти ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ Маркази миллии мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир ба истифода дода шуд. Масоҳати марказ 110 гектарро дар бар гирифта, аз машқгоҳҳои муҷаҳҳази замонавӣ барои тирпаронӣ аз силоҳи гуногун, майдонҳои ронандагӣ, биноҳои баландошёна ва макет-маҳалҳои аҳолинишин барои гузаронидани машқҳои махсус ва нуқтаҳои назорат иборат буда, барои фароғату истироҳати ҳайати шахсӣ хобгоҳу ошхона ва нуқтаҳои маишӣ сохта шудаанд. Марказ барои гузаронидани машқҳои низомӣ ва мусобиқаҳои васеи ҳарбӣ бо иштироки ҳайати зиёди хизматчиёни ҳарбӣ мувофиқ мебошад. Дар айни замон дар ин марказ хизматчиёни ҳарбии дигар сохторҳои қудратии мамлакат ҳам ба тамрин машғул мешаванд.

Гвардияи миллии Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи таъминотӣ ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии афсарон бо бисёр кишварҳо ҳамкории судманд дорад. Ҳамкории пурсамар бо сохторҳои ҳамшарик дар Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар кишварҳо ба роҳ монда шудааст. Ҳайати фармондеҳӣ ва шахсии Гвардияи миллӣ эътимоди қавӣ доранд, ки ин соҳаи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ метавонад дар таъмини бехатарии мамлакат дар ҳамбастагии зич бо дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ саҳми намоён гузорад.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз вазифаҳои асосии гвардия- ҳифзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин вазифаи ифтихориро Баталиёни қаровули фахрии Гвардияи миллӣ иҷро менамояд.

18 ноябри соли 2006 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи нав оғоз гардид. Дар маросими ба иҷрои вазифа шуруъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бори нахуст бо тамоми меъёрҳои ҳуқуқиву таърихӣ баргузор гардид, шарафи баровардани рамзҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори баргузории маросим ба зиммаи ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ вогузор шуд. Ин шарафи бузургро аз фармондеҳ то сарбози қаторӣ бо ифтихор ва садоқат ба ҷо оварданд.

Тавре аз Гвардияи миллӣ хабар доданд, сафҳои Гвардияи миллӣ асосан аз ҳисоби хатмкардагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешавад. Ҳамчунин дар ин самт саҳми Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллӣ бениҳоят калон аст. Ҳар сол дар маркази мазкур даҳҳо сарбозу прапоршикон даврҳои кӯтоҳмуддати мутахассисони хурди техникӣ ва командириро (сержантӣ) хатм карда, барои идомаи хизмат ба қисмҳои ҳарбӣ фиристода мешаванд.

Яке аз самтҳои муҳими хизмати ҳарбӣ тарбияи ҳайати шахсӣ дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, худшиносиву ифтихор аз хизмати ҳарбӣ мебошад, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва консепсияи корҳои тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Бо ин мақсад аз ҷониби масъулини корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ пайваста бо ҳайати шахсӣ нақшаву чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ-фароғатӣ, силсилаи суҳбату мулоқот бо ходимони давлатӣ, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, илму фарҳанг, собиқадорони хизмати ҳарбӣ доир карда мешаванд.

Бояд ёдовар шуд, ки ин сохтори бонуфузи низомӣ моҳи январи соли 1995 дар заминаи бригадаи зудамали Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст бо номи Гвардияи президентӣ таъсис шуда буд. Ва 26 январи соли 2004 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда, дар фаъолияти он марҳилаи нав оғоз гардид. Дар баробари қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба сохтори ташкилии он тағйироти куллӣ ворид гардид, ки ин ба фаъолияти касбии хизматчиёни ҳарбӣ дар марҳилаи нави гузариш мусоидат намуд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 5, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Нигоҳе ба 30 соли Гвардияи миллӣ дар роҳи ҳифз ва таҳкими истиқлоли давлатӣ
Дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ҲИФЗИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Эҳдо ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — САРВАТИ ГАРОНБАҲОТАРИН. Эҳдо ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАЭКВОНДО. Ин навъи варзиши олимпӣ дар Тоҷикистон рушди бештар меёбад
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Тоҷикистон дар бахши ҳавонавардӣ бо 30 давлати ҷаҳон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
Сарчашмаи сулҳу субот, зиндагии шоиста ва эҳёи тамоми унсурҳои арзишманди ҷомеа дониш аст
Беш аз 300 таълимгирандаи Донишкадаи ҳарбӣ савганди садоқат ба Ватан ёд намуд
НАЗДИК СОХТАНИ ИЛМИ АКАДЕМӢ БА ИСТЕҲСОЛОТ. Дар робита ба суханронии Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ
Дар Тоҷикистон назорат барои таваққуфи нодуруст дар ҷойҳои манъшуда пурқувват карда шуд
Дар Душанбе Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай таъсис меёбад
РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ. Он падидаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва омили таҳкими рушди устувори маориф аст