Имсол кишоварзони Тоҷикистон 432 ҳазору 650 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 11.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша, имсол кишоварзони мамлакат 432 ҳазору 650 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи дурнамо, имсол бояд дар 186 ҳазору 883 гектар пунбадона кишт мешуд. Аммо кишоварзони мамлакат дар 174 ҳазору 882 гектар пунбадона кишт намуданд, ки нақша пурра иҷро нагардид.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода 30 январи соли 2025 зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки “соли 2024 аз 175 ҳазор гектар кишти пунбадона кишоварзон 254 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои гузашта кам мебошад. Омили кам гардидани ҳосил дар соли 2024 боронҳои пай дар пайи моҳҳои март ва нимаи май буданд, ки бинобар он кишти пунбадона тӯл кашид. Яъне дар сатҳи ҷумҳурӣ кишти пахта то 65 рӯз идома ёфт”.
Имрӯзҳо дар саҳро ҳосил фаровон буда, дар айни замон кишоварзон ба ҷамъоварии он машғул мебошанд.
Арзиши аслии пахта сол то сол дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Агар аз як гектар 30 сентнер гандум ва ё пахта рӯёнида, ҳарду маҳсулотро то зинаи охир коркард намоем, дараҷаи даромаднокии пахта нисбат ба гандум то 25 маротиба зиёд мешавад. Аз ҷумла, таркиби чигиташ беҳтарин ашёи хоми саноати хӯрокворию дорусозӣ, ғӯзапояаш муҳимтарин ашёи хоми саноатӣ (коғаз, картон, мебел) буда, боқимондааш ғизои чорво аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






