Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин

Сентябрь 3, 2025 13:00

 ДУШАНБЕ, 03.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин миёни ниҳодҳои гуногуни Тоҷикистону Чин 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Санадҳои нави ҳамкории баимзорасида инҳо мебошанд:

— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ;

— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба Ташаббуси амнияти глобалӣ;

— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентӣ оид ба ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди захираҳои инсонӣ;

— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои табиии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва технологияҳои нав;

— Ёддошти тафоҳум дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи миллии иттилооти Ҷумҳурии Мардумии Чин;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди сабз ва камкарбон миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатӣ оид ба рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории оморӣ  миёни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои миллии омори Ҷумҳурии Мардумии Чин;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов ва Консерваторияи Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин.

Сентябрь 3, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон