Интернети хонагӣ бештар дастрас гардид
ДУШАНБЕ, 18.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» силсилаи навшудаи тарофаҳои интернети собитро барои сокинони Душанбе амалӣ намуд. Пешниҳодҳои нав барои онҳое, ки суръати баланд, пайвастшавии устувор ва хизматрасониҳои иловагиро барои истифодаи муносиби интернети хонагӣ қадр мекунанд, таҳия шудаанд.
Тарофаи «Старт» – 150 сомонӣ дар як моҳ
Имконияти беҳтарин барои истифодаи асосии интернет мебошад. Барои сайри интернет, муошират дар паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин тамошои видео бо сифати хуб муносиб аст.
Он ҳаҷмҳои зеринро дар бар мегирад:
- суръат то 15 Мбит/с барои манбаъҳои берунӣ;
- то 30 Мбит/с барои сомонаҳои дохилӣ (минтақаи доменӣ tj);
- дастрасӣ ба Youtube, TikTok, Instagram, Facebook, WhatsApp, VK бо суръати то 15 Мбит/с.
Тарофаи «Онлайн» – 180 сомонӣ дар як моҳ
Интихоб барои истифодабарандагони фаъол мебошад. Барои омӯзиши онлайнӣ, зангҳои видеоӣ, стриминг ва ҳузури доимӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мувофиқ аст.
Ҳаҷмҳои зеринро дар бар мегирад:
- суръат то 20 Мбит/с барои манбаъҳои берунӣ;
- то 50 Мбит/с барои сомонаҳои дохилӣ;
- дастрасӣ ба Youtube, TikTok, Instagram, Facebook, WhatsApp, VK бо суръати то 20 Мбит/с.
Тарофаи «Комфорт» бо нархи 230 сомонӣ дар як моҳ
Барои оила ва истифодаи фаъолонаи хонагӣ. Баҳри фаъолияти яквақта, дилхушиҳо ва тамошои филмҳо бо сифати баланд муносиб аст.
Ҳаҷмҳои зеринро дар бар мегирад:
- суръат то 25 Мбит/с барои манбаъҳои берунӣ;
- то 100 Мбит/с барои сомонаҳои дохилӣ;
- дастрасӣ ба Youtube, TikTok, Instagram, Facebook, WhatsApp, VK бо суръати то 40 Мбит/с.
Тарофаи «Премиум» – 280 сомонӣ дар як моҳ
Имконияти зиёдтарин барои онҳое, ки роҳати бемаҳдудро меписанданд. Варианти беҳтарин барои бозиҳои онлайн, кор бо файлҳои «калонҳаҷм», стриминг ва пайвасткунии яквақтаи ҳамаи дастгоҳҳо дар хона мебошад.
Ҳаҷмҳои зеринро дар бар мегирад:
- суръат то 30 Мбит/с барои манбаъҳои берунӣ;
- то 100 Мбит/с барои сомонаҳои дохилӣ;
- дастрасӣ ба Youtube, TikTok, Instagram, Facebook, WhatsApp, VK бо суръати то 50 Мбит/с.
Тарофаҳои навро дар идораҳои хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ё тавассути рақами кӯтоҳи 4747 пайваст кардан мумкин аст.
Маълумоти муфассал – дар сомонаи расмии ширкат.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






