Истиқлол мазҳари идеалу ормонҳои таърихии мардуми тоҷик аст

Сентябрь 7, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 07.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 9 сентябр дар мамлакат чун яке аз муҳимтарину муқаддастарин идҳои миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Аввали моҳи сентябри соли 1991 дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ ва Қарор «Дар бораи Эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ин иқдоме буд, ки Тоҷикистонро чун давлати  комилихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекард. Аз он замон то ба имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас ба ҳисоб меравад.

Давоми 34 соли Истиқлоли давлатӣ бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуд ва корҳои азими созандагӣ шуруъ гардиданд. Пешвои миллат таъмини истиқлоли энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории онро аз самтҳои стратегии сиёсати давлатӣ эълон намуданд.         Сокинони мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат барои таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро дар амал татбиқ менамоянд.

Истиқлол барои мо рамзи олии ватандӯстӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талоши фидокоронаи расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва дарҳои бахту саодати воқеии миллатро боз намуд.

Бояд гуфт, ки Истиқлоли давлатӣ барои мо нишонаи барҷастаи пойдории давлат, симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони мамлакати озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 34 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, бо шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардиданд.

Бошад, ки ҷашни истиқлол ба мамлакати мо шукуфоӣ ва пешравии ҳамаҷониба ва ба мардуми шарифи Точикистон саодату пирӯзии комил оварад.

Абубакр МАННОНЗОДА,
сардори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони
Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»

Сентябрь 7, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз ҷашнест, ки ба ҷаҳониён фарҳанги таърихии миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд