ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ. Ба ифтихори 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 08.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин неъмат ва волотарин арзишест, ки мардуми сарбаланди тоҷик 9 сентябри соли 1991 онро ба даст овард. Ин санаи муҳим оғози марҳилаи нав дар таърихи давлатдорӣ, худшиносӣ ва давлатсозии тоҷикон мебошад. Истиқлолият ба мо на танҳо рамзи соҳибихтиёрӣ, балки имконияти муайян кардани роҳи мустақили рушд, тарбияи насли ватандӯст ва ҳимояи арзишҳои миллиро фароҳам овард.

Маврид ба таъкид аст, ки дар нахустин рӯзҳои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҳифз ва таҳкими он бе сохтори низомӣ ғайриимкон буд. Аз ин рӯ, дар баробари ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин ташкили Артиши миллӣ ба як рукни муҳим ва ҳатмӣ табдил ёфт. Бо гузашти 34  — сол имрӯз метавон бо итминон гуфт, ки Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди Ватан ва ҳимоятгари Истиқлолияти давлатӣ мақому ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо кардааст.

Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуда буданд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф–ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд”.

Бояд гуфт, ки то соли 1991 Тоҷикистон аз лиҳози мудофиавӣ комилан вобаста ба сохторҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Пас аз пошхӯрии он, кишвар дар ҳолате қарор гирифт, ки ҳеҷ гуна Артиши мустақил надошт.

Дар чунин шароит, таъсиси Артиши миллӣ амри тақдирсоз гардид. 23-юми феврали соли 1993 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Артиши миллӣ таъсис ёфт. Ин сана ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон сабт шуд. Ҳамин тавр, Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо рамзи мустақилият, балки заминаи ташкили сипари миллии худ гардид.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Солҳои 1992-1997 душвортарин давраи таърихи навини давлатдории тоҷикон буданд. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ки ҳанӯз таҷрибаи кофии низомӣ надоштанд, маҷбур буданд дар шароити бисёр мураккаб барои таъмини амнияти мардум ва ҳифзи сохтори давлатдорӣ мубориза баранд.

Дар ҳамон айём Артиши миллӣ ба як мактаби бузурги ватандӯстӣ табдил ёфт. Афсарону сарбозон бо вуҷуди набудани таҷҳизоти лозимаи ҳарбӣ ва мушкилоти иқтисодӣ бо иродаи қавӣ аз Ватан ҳимоят карданд. Ин таҷрибаи таърихӣ собит намуд, ки воқеан пойдории Истиқлолият бе Артиши миллӣ номумкин ва ҳастии Артиш низ бе Истиқлолияти давлатӣ ғайриимкон аст.

Мо хуб медонем, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии давлатдорӣ бидуни мавҷудияти Артиши миллӣ ғайриимкон буд. Родмардони шуҷои Артиши миллӣ тавонистанд, заминаи амниятиро барои гуфтушунидҳои сулҳ ва расидан ба ваҳдати миллӣ фароҳам оваранд. Яъне Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо вазифаи ҳимояи марзҳоро иҷро кард, балки ба барқарорсозии ҷомеаи ваҳдатофарин низ саҳми назаррас гузошт.

Бо гузашти се даҳсола, Артиши миллӣ аз як сохтори ҷавон ба як низоми пурқуввати мудофиавӣ табдил ёфт. Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастагаии  Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои сохторҳои замонавӣ, қисмҳои низомии махсус, техникаи муосири ҳарбӣ ва системаи мукаммали таълими кадрҳо мебошад.

Сиёсати давлат дар самти ислоҳоти низомӣ ба таҳкими қобилияти мудофиавии кишвар бо роҳи мукаммалгардонии ҷузъу томи ҳарбӣ бо техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ, аслиҳаи мухталифи ҷангӣ, инчунин боло бурдани сатҳи касбият ва ватандӯстии сарбозон равона гардидааст. Артиш имрӯз танҳо як неруи ҳарбӣ нест, балки мактаби бузурги тарбия ва худшиносии миллӣ барои садҳо ҳазор ҷавонон мебошад. Ҳар ҷавоне, ки хизмати ҳарбиро анҷом медиҳад, бо эҳсоси ифтихор аз Ватан ва масъулият нисбат ба Истиқлолият ва гиромидошти дастоварду музаффариятҳои беназири ин давраи таърихӣ тарбия меёбад.

Агар Истиқлолият ба даст намеомад, Артиши миллӣ низ шакл намегирифт. Соҳибихтиёрӣ барои Тоҷикистон шароите фароҳам овард, ки сиёсати мудофиавии мустақилро пеш барад, қонунҳои муҳимро қабул кунад ва бар асоси манфиатҳои миллӣ Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил намояд. Ҳар як қадами таҳкими Истиқлолият бо таҳкими иқтидори мудофиавӣ пайваст аст.

Маҳз Истиқлолият буд, ки ба Тоҷикистон ва Артиши миллии он имконият дод, бо кишварҳои гуногун ҳамкориҳои ҳарбӣ дошта бошад, таҷрибаи муосирро омӯзад ва дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардад. Имрӯз низомиёни тоҷик дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ машқҳои муштарак анҷом медиҳанд, ки нишонаи болоравии эътибори байналмилалии Артиши миллӣ аст.

Соли равон мардуми Тоҷикистон бо ифтихор 34-солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегиранд. Ин сана рамзи саодати миллӣ, пойдории сулҳ ва ҳимояи арзишҳои давлатдорӣ мебошад. Дар баробари дигар дастовардҳо, саҳми Артиши миллӣ низ дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва суботи сартосарӣ беназир аст.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди худогоҳу хештаншинос дарк мекунад, ки агар Истиқлолият пояи давлат бошад, пас Артиши миллӣ сипари боэътимоди он аст. Таҷлили ин санаи муҳим моро водор месозад, ки бештар ба қадри сулҳу субот ва хизмати фарзандони шуҷои Ватан бирасем.

Истиқлолият ва Артиши миллӣ ду мафҳуми ҷудонашаванда мебошанд. Яке заминаи дигарро фароҳам меорад ва дигарӣ ҳимоятгари аввал аст.

Вақте Тоҷикистон роҳи устувори рушдро интихоб кардааст, муҳимтарин вазифаи насли ҷавони кишвар ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Албатта, ҳифзу ҳимояи Истиқлолият аз иқтидори мудофиаии кишвар вобастагии амиқ дорад.

Пас ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлолро зарур аст, ки Артиши миллӣ ва истиқлолиятро ҳамчун ду арзиши муҳим қадр кунад ва дар роҳи таҳкими онҳо саҳмгузор бошад. Зеро ояндаи дурахшони давлат танҳо дар шароити сулҳу субот ва истиқлолияти пойдор таъмин мешавад.

Эмомалӣ СОБИРЗОДА,
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал-полковник 

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 8, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд сохтмони Маркази зеҳни сунъӣ ва «IT park» идома дорад
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд мегарданд
34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бағдоди Ироқ таҷлил карда шуд
Истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ дар партави рушди маориф
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон имкон дод, ки дар рушди соҳаи энергетика қадамҳои устувор гузошта шавад
Дар ноҳияи Нуробод бузургтарин пули мошингузар дар миқсёи Тоҷикистон сохта мешавад
Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими истиқлол ва рушди иқтисодии Тоҷикистон
Вазифае муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нест. Мулоҳизаҳои коршинос дар ин мавзуъ
Шоми имрӯз дар Душанбе ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ барномаи фарҳангӣ доир мегардад
Дар Москва Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд